Табрики Рӯҳонӣ ба Раҳмон ва таъкид ба густариши муносибот

Ҳасани Рӯҳони, раисҷумҳури Эрон ба унвони Эмомалӣ Раҳмон барои дубора интихоб шуданаш ба ҳайси раисҷумҳури Тоҷикистон паёми шодбошӣ ирсол кард.

Ба нақл аз сафорати Эрон дар Тоҷикистон, Ҳасани Рӯҳонӣ дар паёми табрикотиаш Эмомалӣ Раҳмонро самимона табрик гуфта, қайд кардааст, ки муштаракоти фарҳангӣ ва таърихии ду кишвари дӯсту бародар дар давраи ҷадиди масъулияти раисҷумҳури Тоҷикистон, муносиботи ҳамаҷонибаи Эрон ва Тоҷикистон дар роҳи таъмини манфиатҳои муштарак ва таҳкими сулҳу суботи мантақавӣ беш аз пеш густариш хоҳад ёфт.

Рӯҳонӣ дар паёмаш аз Худованди мутаол барои Эмомалӣ Раҳмон саломатӣ ва мувафаққият, орзу намудааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Эмомали Раҳмонро, раисҷумҳури Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Беларус табрик карда буданд.

Дар интихоботи президентӣ аксари кулли овозҳо 3 млн. 837 ҳазор 227 – 90,92 дарсадро президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳиб шуд.

Ҳамин тавр, Эмомалӣ Раҳмон боз барои 7 соли дигар Президент интихоб шуд.

интихоботи президенти ТоҷикистонРаҳмонРӯҳонӣЭрон
Comments (0)
Add Comment