Бо Раҳмон то соли 2027

Бар асоси эълони Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълии кишвар ба муддати ҳафт соли дигар дар мақоми раёсатҷумҳурӣ боқӣ мемонад.

Бар асоси гузориши комиссияи мазкур, аз 4 миллиону 221 ҳазору 76 нафар аз раъйдиҳандагон, ки мушорикати 85 дарсадии кулли афроди воҷиди шароитро нишон медиҳад, 90.92 дарсад ба Эмомалӣ Раҳмон раъй додаанд.

Дар натиҷаи интихобот ба ҷонибдории Рустам Латифзода, номзади Ҳизби аграрӣ 127, 72 овоз яъне 3,3 %, ба Абдуҳалим Ғаффорзода, номзади Ҳизби сотсиалист 62, ҳазору 835 овоз 1, 49%, ба Рустам Раҳматзода, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ 90 ҳазору 587 овоз,  2,19 % ва ба Меъроҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунистӣ 49 ҳазору 212 овоз яъне 1, 17 %-и интихобкунандагон овоз доданд.

258 хабарнигор ва 156 нозири байналмилалӣ барои пӯшиши хабарӣ ва назорат бар раванди баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихобия ҳузур доштанд.

Натоиҷи ниҳоии шумориши оро ду ҳафта баъд аз баргузории интихоботи эълон хоҳад шуд.

интихоботи президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment