Оғози интихоботи президенти Тоҷикистон

Шашумин давраи интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аз соати 6 субҳи имрӯз дар 68 ҳавзаи интихобии дохилӣ ва 39 маркази раъйгирӣ дар хориҷ аз кишвар оғоз шуд.

Комиссиюни марказии интихобот эълом кард, раъйгирӣ дар ин давра аз интихоботи раёсатҷумҳурӣ то соати 20 ба вақти маҳаллӣ идома хоҳад ёфт.

Ин комиссиюн теъдоди маҳалҳои раъйгирӣ дар дохилу хориҷ аз Тоҷикистонро 3 ҳазору 375 марказ унвон кардааст.

258 хабарнигор ва 156 нозири байналмилалӣ барои пӯшиши хабарӣ ва назорат бар раванди баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон сабтином шудаанд.

Натоиҷи аввалияи шумориши раъйҳо 24 соати пас аз поёни раъйгирӣ ва натоиҷи ниҳоии он ду ҳафта баъд аз баргузории интихобот эълом хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон номзади Ҳизби халқӣ демократӣ, Рустам Латифзода, номзади Ҳизби кишоварзӣ, Абдуҳалим Ғаффоров номзади Ҳизби сотсиалист, Рустам Раҳматзода номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Меъроҷ Абдуллоев, номзади Ҳизби коммунисти Тоҷикистон имрӯз дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ рақобат мекунанд.

интихоботи президенти ТоҷикистонТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment