Иштироки мақомоти сатҳи олӣ дар интихоботи президентӣ

Интихоботи президенти Тоҷикистон субҳи имрӯз соати 6:00 огоз шуда ва мақомоти сатҳи олӣ иштирок варзиданд.

Ба гузориши Tajikpress, пас аз оғози интихоботе тане чанд аз мақомот дар соатҳои аввалияи оғози ин маъракаи сиёсӣ иштирок дошта ва раъйи худро доданд.

Бар ин асос, Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунунии Тоҷикистон дар интихоботи навбатии президентӣ, ки худи ӯ яке аз номзадҳост, ширкат кард.

Раҳмон овозашро ба президенти оянда дар қитъаи интихоботии рақами 15, воқеъ дар ҳавзаи интихоботии рақами 2 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дод. Вай пас аз овоздиҳӣ бо масъулини КМИ сӯҳбату гуфтугӯ кард.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва раиси парлумони кишвар ҳам дар интихоботи президентӣ овоз дод.

Маҳмадсаид Убайдуллоев низ барои овоздиҳӣ дар интихоботи президентии Тоҷикистон ширкат варзид.

Убайдуллоев, Собиқраиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон, ва шаҳрдори собиқи Душанбе низ дар интихоботи президентӣ овоз дод.

Убайдуллоев дар ҳавзаи интихоботии рақами 15, ки дар литсейи рақами 3 дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе кушода шудааст, овоз дод.

Муҳаммадато Зокирзода дар ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ № 2 ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандааш овоз дод.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода низ ба ҷонибдорӣ аз номзади арзандаи худ, овоз дод. Вай барои иштирок дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ ба участкаи интихоботии №5, ҳавзаи интихоботии Исмоили Сомонӣ №2, ки дар маҳалли зисташон қарор дорад, ташриф оварда раъйи худро гузошт.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон қитъаҳои овоздиҳӣ аз соати 6:00 кушода шудаанд, ки дар он шаҳрвандон раҳбари ояндаи кишварро барои ҳафт соли дигар интихоб мекунанд. Умуман, дар ҷумҳурӣ 3414 комиссияҳои интихоботӣ кор мекунанд.

Дар интихоботи президентии кунунӣ Рустам Латифзода аз Ҳизби Аграрӣ, Абдуҳалим Ғаффорзода аз Ҳизби Сотсиалист, Эмомалӣ Раҳмон аз Ҳизби Халқии Демократӣ, Рустам Раҳматзода аз Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодӣ ва Мироҷ Абдуллоев аз Ҳизби коммунистӣ ширкат мекунанд.

интихоботи президенти ТоҷикистонМаҳмадсаид УбайдуллоевРаҳмонРустами ЭмомалӣЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment