Бекор шудани натиҷаи интихоботи Қирғизистон

Дар Қирғизистон натиҷаи интихоботи парлумонӣ, ки 4 октябр баргузор шуданд ва норозигии гуруҳеро дар пай доштанд, бекор гардиданд.

Ожонси хабарии 24kg бо такя ба Гулнора Ҷӯрабоева, узви КМИ хабар дод, ки Комиссияи марказии интихобот натиҷаи интихоботи парлумонии 4 октябрро бекор кард.

Ӯ илова намудааст, ки феълан дар барнома масъалаи эълони пароканда шудани Комиссияи марказии интихобот матраҳ аст.

Ӯ зимни шарҳи тасмим барои эълони худпароканӣ гуфтааст: “Бо ин маъракаи интихоботӣ мо худро бадном кардем”.

Ҷӯрабоева афзудааст, ки пеш аз муҳлат даст кашидани ҳайати КМИ аз салоҳиятҳоро беҳтарин роҳ дар шароити феълӣ медонад.

Эътирози оммавӣ дар Қирғизистон баъди эълони натиҷаҳои парлумонии 4 октябр оғоз шуданд. Иштироки овоздиҳандагон 56,5 фоиз арзёбӣ шуд.

Дар пайи ҳисоби 98 дарсади варақаҳои овоздиҳӣ КМИ эълон кард, ки ба парлумон чор ҳизб “Биримдик” – “Ваҳдат”, “Мекеним Қирғизистон” – “Ватанам Қирғизистон”, “Қирғизистон” ва “Бутун Қирғизистон” роҳ ёфтанд. Аҳзоби дигар ба гузориши КМИ натавонистанд, ҳадди 7-фоизиро убур намоянд.

БишкекИнтихоботи парлумонӣҚирғизистон
Comments (0)
Add Comment