Оё Рустами Эмомалӣ ба саратони рӯда мубтало шудааст?

Дафтари шаҳрдори Душанбе дар баёнияе эълом кард "Рустами Эмомалӣ", ҳаргиз барои муолиҷаи пизишкӣ ё ҳар ҳадафи дагаре ба Телавив сафар накарда аст .

 

Ба гузориши хабарнигори дафотири минтақаӣ хабаргузории “Форс”, дафтари шаҳрдори Душанбе эълом кард “Рустами Эмомалӣ”, ҳаргиз барои муолиҷаи пизишкӣ ё ҳар ҳадафи дигаре ба Исроил сафар накарда ва ҳаргиз аз саратони рӯда ранҷ намебарад ва ба ин васила иттилоотеро, ки дар бархе расонаҳо мунташир шуда такзиб кард .

Дар баёнияи дафтари “Рустами Эмомалӣ”, омадааст : интишори чунин иттилооти нодуруст дарбораи мақомоти Тоҷикистон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ яке аз тарфандҳои душманони кишварамон аст .

Бинобар ин гузориш , ин таҳрики амдӣ ба манзури эҷоди бе саботӣ дар авзои иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон аст .

Мо бо масъулияти комил эълом мекунем, ки иттилооти марбут ба бемории эҳтимолии “Рустами Эмомалӣ”, ва муолиҷаи вай дар кишвари Исроил бо воқеият мутобиқат надорад .

Дар ин баёния омада аст : агар “Рустами Эмомалӣ”, воқеан дар соли 2019 ба Исроил сафар карда бошад ин иттилоот ҳамчунон дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ зоҳир мешавад . Мо расман эълом мекунем, ки “Рустами Эмомалӣ”, ҳаргиз барои муолиҷа ё ба манзури дигаре ба Исроил сафар накарда аст .

Ин дар ҳоле аст, ки чанд рӯз қабл як пизишки Исроилӣ иттилооте дарбораи бемории “Рустами Эмомалӣ”, писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва ҷонишини иддаоӣ вайро мунташир кард .

Дений Ангел , мудири маркази пизишкии “Herzliya” дар Телавив дар сафҳаи Твитарии худ эълом кард, Рустами Эмомалӣ дар соли 2019 ба саратони руда мубтало шуда ва барои дармон ба Исроил сафар кардааст .

HerzliyaРустами ЭмомалӣТелавивТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment