Ҳузури 56%-и мардуми Қирғизистон дар интихоботи парлумонӣ

56% аз мардуми Қирғизистон дар интихоботи парлумонӣ ширкат карданд.

Бар асоси гузориши манобеи хабарӣ, дар поёни рӯзи аввали интихоботи парлумонии Қирғизистон ҳузуруи мардум ба як миллиону 789 ҳазору 240 нафар расид ва ин теъдод 56.2 дарсад аз кулли раъйдиҳандагонро ташкил дод.

Дар маҷмӯъ 3 миллиону 525 ҳазору 554 раъйдиҳанда дар Қирғизистон сабт шуда буданд.

Бар асоси охири натоиҷи аввалияи раъйгирии марказҳои интихоботи кишвар аз 16 ҳизби рақобатӣ фақат 4 ҳизби сиёсӣ муваффақ шуданд аз садди 7 дарсадии вуруд ба парлумон убур кунанд.

Бо ин натоҷиҷ, бештарин раъйҳоро ҳизби Биримдик 24.53% ,  Мекеним Қирғизистон 23.9% ,  Қирғизистон 8.74 % ва Бутун Қирғизистон 7.09% раъй касб карданд.

Лозим ба зикр аст, ки кумитаи иҷроии марказӣ натиҷаҳои ниҳоии интихоботи аъзои парлумонро давоми 20 рӯз эълон хоҳад кард.

Интихоботи парлумонӣҚирғизистон
Comments (0)
Add Comment