Мусоҳибаи Раҷаб Мирзо бо Рустам Латифзода

Раҷаб Мирзо, журналисти тоҷик бо Рустам Латифзода дар остонаи интихобот мусоҳиба анҷом додааст.

Мусоҳибаи журналист Раҷаб Мирзо бо раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, номзад ба мақоми президентӣ Рустам Латифзода

Шарҳи ҳол

Рустам Латифзода 27 ноябри соли 1960 дар ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи кӯҳии Санкт-Петербургро бо ихтисоси муҳандиси гидротехник ва муҳандиси экологӣ хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз Муассисаи махсусгардонидашудаи сохтмонии «Тоҷикводстрой» оғоз намуд. Дар вазифаҳои усто, муҳандис, муҳандиси калони КСМ-31 ва Муассисаи махсусгардонидашудаи сохтмонии «Тоҷикводстрой», сармутахассиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Раиси Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Як муддат — аз соли 2013 то 2014 раиси ноҳияи Восеъ низ буд. Соли 2005 муовини раиси Ҳизби аграрӣ интихоб шуд ва соли 2014 роҳбари ҳизб гардид. Соли 2010 вакили Парлумони Тоҷикистон интихоб шуд ва роҳбарии комиссияи экологиро ба ӯҳда дошт. Моҳи марти соли 2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси кумитаи Парлумон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин интихоб шуд.

-Ҷаноби Латифзода, пеш аз ҳама Шуморо муборакбод мегӯем, ки ҳамчун номзад ба сабқати интихоботи президентии кишвар ворид гардидед. Ин масъулияти хеле бузург аст ва аз ҷониби дигар  ҷуръат ҳам мехоҳад. Ман, масалан метавонам тасаввур кунам, ки дар сӯҳбати президенти ояндаи Тоҷикистон нишастаам?

-Албатта, барои чӣ не?! Ҳар як ҳизби сиёсие, ки номзади худро пешниҳод мекунад ва ҳар як номзаде, ки дар чунин маъракаҳои муҳими сиёсӣ ширкат мекунад, мақсадаш ғалаба аст. Дар ин чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, ҳар як ҳизби сиёсӣ, агар собиқаи хуби корӣ, таҷрибаву малака дошта бошад, имконияту иқтидорҳо дошта бошад, албатта кӯшиш мекунад, ки иштирок кунад. Ҳадаф аз пешбарии номзадҳо бештар ба даст овардани раъйи мардум аст.

-Бубинед, номзади интихоботи президентӣ будан маънои онро дорад, ки Шуморо кадом як сиёсати феълии ҳукумат қаноатманд намекунад. Аз чӣ Шумо норозиед?

– Мо қаблан ҳам зикр карда будем, ки намояндаҳои ҳизби мо аллакай дар сохторҳои ҳукумат фаъолият доранд. Мо худ 7 нафар дар Маҷлиси намояндагон вакил ҳастем ва дар пешбурди сиёсати имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши худро мегузорем. Вақте мо барномаи пешазинтихоботии худро таҳия мекардем, гурӯҳи кории мо кӯшиш намуд назари худро нисбат ба мушкилоти мавҷудаи соҳаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ҷо диҳад. Барномаи мо, агар дар маҷмӯъ таҳлил карда бароем, 70-80 % аз масъалаҳое иборатанд, ки комилан аз барномаи ҳизбҳои дигар тафовут доранд. Ман метавонам гӯям, ки сар карда аз масъалаи амнияти миллӣ то масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, илму маориф ва дастгирии ҷавонон бандҳои нав ҳастанд. Масалан дар бахши таҳкими амнияти миллӣ мо пешниҳод дорем, ки дар баробари ӯҳдадории ҳатмии ҳарбӣ, ҳамчунин хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар асоси шартнома (яъне хизмати алтернативӣ) роҳандозӣ гардад ва дар як вақт мӯҳлати хизмат дар артиш бознигарӣ гардад.

-Ба чанд сол?

-Аввал ин масъаларо аз лиҳози қонунгузорӣ баррасӣ кардан даркор. Зеро бо имкониятҳое, ки имрӯз ҳаст, яку якбора намешавад. Дар марҳилаи аввал то 1 сол ва баъдан то 6 моҳ. Хуллас, хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ кӯтоҳ карда шавад. Дар баробари ин, ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ шахсони касбияташон баланд, ки хизмати ҳарбӣ кардаасту синну солашон аз 20 боло аст,  дар асоси шартнома даъват шаванд. Ин фақат дар масъалаи таҳкими иқтидорҳои мудофиавии кишвар. Дар бахши иқтисодиёт ҳам чунин навгониҳо бисёр ҳастанд дар барномаҳои мо, хусусан дар соҳаи кишоварзӣ. Мо пешниҳод кардем, ки имконоти Вазорати кишоварзию Агентии беҳдошти замину обёрӣ тақвият дода шавад. Чунки имрӯз дар ҳамин соҳаи муҳимтарини иқтисодии кишвар таҷдид гузашт ва акнун воқеият талаб дорад, ки имконияту иқтидори вазорату агентии номбурда бештар карда  шаванд.

-Ҷаноби Латифзода, ба масоили барномаҳои Шумо шояд андактар бармегардем. Шумо  дар бораи мутафовит будани барномаи худатон аз ҳизбҳои дигар, аз ҷумла ҳизби ҳоким сӯҳбат мекунед. Аммо ман як таваҷҷӯҳ мекунам ба шиори шумо, ки дар интихоботи парлумонӣ ва имрӯз ҳам таҳти шиори “Зиндагии арзанда ба ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон” ворид шудед. Шиори ҲХДТ ҳам тақрибан ҳамин аст- “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум”. Ин умумият, ё хеле монанд будани шиорҳо аз чӣ далолат мекунад?

-Аввал ин ки мақсади ҳар як ҳизби сиёси таъмини зиндагии арзанда ва шоиста барои мардуми кишвар ва албатта рушди иқтисодиёт аст. Лекин ба назар гиред, ки ҲАТ аз замони таъсиси худ дар соли 2005 таҳти ҳамин шиор баромад мекунад. Дар интихоботи президентии соли 2006 ҳам шиори мо ҳамин буд. Метавонед ба асноди мавҷуда муроҷиат намуда, ба ин гуфтаҳо бовар ҳосил намоед.

-Дар яке аз сӯҳбатҳоятон бо расонаҳо изҳор намудед, ки зимни мулоқотҳое, ки бо мардум анҷом медиҳед, мардум мегӯянд, ки “мо аллакай интихоби худро кардем”. Маълум аст, ки манзури онҳо президенти амалкунанда аст. Бо ин вуҷуд, ҳар ҳизб бояд назарсанҷиҳои ғайрирасмие дошта бошад, ки маълум кунад: чӣ қадар мардум аз онҳо ҷонибдорӣ мекунад? Фарзияе, ки тахмин мекунед, чӣ қадар аст?

-Ин тахмин нест. Дар ҷараёни мулоқотҳо бо интихобкунандагон мардум дар ҳақиқат мегӯянд, ки “мо аллакай номзади худро интихоб кардем”. Лекин намегӯянд, ки ба кӣ овози худро доданианд. Фикр мекунам то ворид шуданашон ба қитъаи интихоботӣ метавонанд андешаи худро тағйир диҳанд. Дар мӯҳлати боқимондаи то давраи интихобот мо кӯшиш мекунем  дар тафаккури мардум ҳадаф ва ақидаҳои худро маҳбубтар кунем, то раъйи бештари онҳоро ба даст оварем. Ин фикри мардум аст ва ман дар он сӯҳбатам ҳаминро дар назар доштам.

-Ин ки мегӯед назари мардум метавонад дигар шавад, дуруст аст. Аммо ин дар ҳоле шуданаш имкон дорад, ки рақобати бисёр ҷиддии байни номзадҳоро бубинанд. Имрӯзҳо таҳлилгарон ва худи мардум ҳам мегӯянд, ки чандон рақобати ҷиддӣ байни номзадҳо эҳсос намекунанд ва муҳит ҳам на чандон сиёсию интихоботист. Шумо ба ин гуна назарҳо чӣ андеша доред?

-Шояд фазо дар назари аввал ором намояд, лекин ман чунин ҳис намекунам. Шумо фаъолияти ситоди пешазинтихоботии моро мушоҳида кардед. Имрӯз намояндаҳои мо дар вохӯриву мулоқотҳо иштирок доранд, овезаву шиорҳо дар шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ паҳн карда мешаванд. Фикр мекунам, ки шиддат ва рақобат байни номзадҳо вуҷуд дорад. Вақте мо бо интихобкунандагон вомехӯрем, аллакай таваҷҷӯҳи мардумро ҳис мекунем, ки ба барномаи кадом ҳизб майли бештар доранд. Аз ин лиҳоз, гуфтан мумкин аст, ки таваҷҷуҳи мардум нисбати ин маърака зиёд аст. Интихобкунандаҳо гуногунанд, бархе ба барномаи номзадҳо ва масоили мавриди баррасии онҳо таваҷҷӯҳ мекунанд. Онҳое ҳам ҳастанд, ки ба қитъаи интихоботӣ ноогоҳона мераванд.

-То интихоботи президентӣ каме бештар аз як ҳафта монд. Мӯҳлат хеле кам ва хеле муҳим ҳам ҳаст. Оё интихобкунандаи тоҷик метавонад аз Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ки шумо номзадаш ҳастед, дар ҳамин мӯҳлати кӯтоҳи боқимонда ягон армуғон интизор шавад? Яъне як чизи ғайриоддӣ…

-Хуб, аллакай ман гуфтам, ки барномаи мо дар қиёс ба дигарон 18 банди фарқкунанда дорад. Мо кӯшиш мекунем, ки дар ҳар як вохӯрӣ бо интихобкунандагон асосан атрофи ҳамон масъалаҳое, ки аз дигарон тафовут доранд, бештар ҳарф занем.

-Як чизе, ки дар ибтидои маъракаи интихоботӣ боиси таваҷҷӯҳ ва муҳокимаи ҷиддӣ ҳам гардид, масъалаи вобаста ба дузанагӣ буд, ки аз ҷониби ситоди Шумо садо дод. Аммо баъдтар он аз барномаатон гирифта шуд. Сабаб чӣ буд?

-Ин масъала дар барнома набуд, лекин дар зимни таҳияи лоиҳаи барнома, ин масъала дар контексти масъалаҳои демографӣ баррасӣ шуда буд. Ин ҷо гап дар сари бардоштан ё набардоштани  моддаи 170-и Кодекси ҷиноятӣ намеравад, ки дузанагиро манъ мекунад. Мо бояд ин масъаларо чуқуртар омӯзем ва баррасӣ намоем.  Имрӯз ба масъалаҳои демографиву таҳкими оила, хусусан оилаҳои ҷавон, бисёр омилҳое ҳастанд, ки таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ҷумла масъалаи муҳоҷират, масоили ташкили ҷойҳои нави корӣ ва шароити иҷтимоиву иқтисодии ҷавонон, ки мехоҳанд хонадор шаванд. Мо мушоҳида карда истодаем, ки қисмати асосии муҳоҷирони мо мардон мебошанд. Албатта ин таъсири худро ба масъалаҳои демографӣ мерасонад Фикр мекунам, ки инро фақат дар ибораи “иҷозат додан ё  надодани дузанагӣ” фаҳмидан ғалат аст. Бояд ин масъаларо чуқуртар омӯхт, гап дар бораи беҳтар кардани шароити зиндагии навхонадорон ва таҳкими оилаҳои ҷавон меравад. Назари мардум ҳам ба он оилаҳое, ки синни духтаронашон аз 25-30 гузаштааст, дигар карда шавад. Ҷавонони мо бояд, ки аз ҷиҳати иқтисодӣ имконияте пайдо кунад, ки оилаи худро мустаҳкам нигоҳ доранд. Дар бисёре аз давлатҳо синни оиладоршавӣ аз 25 – 30 боло аст. Дар аксари мамлакатҳо ҳам ҷазо барои дузанагӣ муқаррар нашудааст. Ин маъноеро надорад, ки ҳама мардон дузана мешаванд. Воқеият аст ва қонун ҳаст. Воқеият ин аст, ки масъалаи дузанагӣ дар мо вуҷуд дорад, ҳарчанд қонунгузорӣ онро манъ мекунад. Ҳадафи мо ҷалб намудани таваҷҷӯҳи мардум ба ин масъала буд.

-Дар бораи муҳоҷират гуфтед, ҳамчун як ҷузъи муҳими иҷтимоӣ мамлакат. Аммо чаро дар барномаи шумо дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ тақрибан чизе надидем?

-Баръакс, яке аз тафовутҳои аслии барномаи мо аз дигарон ҳамин аст, ки нисбати муҳоҷират мо таваҷҷӯҳи бештар дорем. Мо мехоҳем муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандон танзим ва аз тарафи давлат идора карда шавад. Назарҳои мо нисбати ин масъала гуногун аст. Бояд ба назар гирифт, ки ин равандро солҳои наздик пешгирӣ кардан номумкин мебошад. Роҳи ҳалли ин масъала беҳтар кардани шароити иқтисодию бунёди корхонаҳои саноатӣ хоҳад буд. Лекин имрӯз муҳоҷирати корӣ як воқеият аст. Пас мо чӣ кор кунем, ки ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони кории мо таъмин шавад? Дар бораи ташкили ҷойҳои корӣ, таъмини нафақаву дигар масъалаҳое, ки баъди бозгашти онҳо пешниҳодҳо пайдо мешавад, мо дар барнома мушаххас гуфтаем. Имрӯзҳо 90 %-и муҳоҷирони ватанӣ тавакаллӣ ба дигар давлатҳо сафар мекунанд. Яъне на ҷойи кори муайян доранд, на ҷойи истиқомат, ки ин боиси мушиклиҳои зиёде мегардад. Пас онро бояд танзим намуд.

-Аммо муҳоҷирон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ гила мекунанд, ки нақзи ҳуқуқи онҳо аз ҷониби ҳизбҳои сиёсии кишвар ҷиддӣ гирифта намешавад, масалан онҳо тақрибан шоҳиди ягон изҳорот ё муроҷиатнома дар бораи мушкилоти онҳо намешаванд. Дар ҳамин маъракаи интихоботӣ ягон номзадро надидаем, ки рафта бошад пеши муҳоҷирҳо…

-Шояд дар ин маъракаи сиёсӣ, ки шароит маҳдудтар аст, нарафта бошем, аммо дар ҷараёни  сафари кории худ ҳамчун вакил ба Русияву Қазоқистон ҳамеша бо муҳоҷирон вомехӯрем. Имрӯзҳо ҳам тавассути намояндаҳои худ бо онҳо робита дорем.

-Дар барномаи Шумо мавзӯи ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба Иттиҳоди гумрукӣ ҳаст. Оё инро ба гунае як василаи ҳал кардани мушкилоти муҳоҷирони тоҷик гуфтан мумкин аст? Чаро дар мавриди ворид шудан ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Шумо мавқеи худро муайян накардаед?

-Якчанд рӯз пас тавассути шабакаи телевизионӣ суханронии ман пахш мешавад, ки дар он ҳамин масъалаҳо васеъ шарҳ дода шудаанд. Назари мо чунин аст, ки ҳар як ҳамроҳшавӣ ба ҳар як иттиҳоду созишномаҳо, бояд бо назардошти ҳатмии манфиатҳои Тоҷикистон ба роҳ монда шавад. Пеш аз ҳама истиқлолияти сиёсӣ ва истиқлолияти иқтисодӣ.  Ин ду ҷанбаи муҳим набояд халалдор шавад. Муҳоҷират на танҳо ба масъалаҳои иқтисодӣ, балки ба сиёсату амният ҳам дида истодаем, ки таъсир расонида истодааст. Бархе давлатҳо ошкору пинҳон аз ин масоил суистифода мекунанд.

-Шумо дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон гуфта будед, ки 70 %-и интихобкунанда дар деҳот умр ба сар мебаранд ва инҳо тақрибан метавонанд интихобкунанди шумо бошанд. Чун ба масъалаҳои кишоварзӣ ва замин таваҷҷуҳи ҳизби Шумо зиёд аст. Ҳамин тавр ҳам шуд то андозае чун ҳизби Шумо дуввумин ҳизби ғолиб гардид. Дар ҳамон сӯҳбати интихоботи пешазинтихобиатон гуфта будед, ки ин паёми муҳим аст ва аз мавқеи муҳими Ҳизби аграрии Тоҷикистон далолат мекунад. Имрӯз ба ҳамон 70 %-и интихобкунандаи тоҷик чӣ паём доред?

-Пеш аз ҳама, мо дар барномаи худ, яке аз масъалаҳои асосӣ ин масъалаҳои дастгирии кишоварзӣ ва беҳтар кардани шароити иҷтимоиву иқтисодии деҳот мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, барномаи мо барои ҳамин табақа, ки бештар аз 74 %-и аҳолиро ташкил мекунад, таваҷҷуҳи бештар дорад. Фикр мекунам масъалагузории мо ба мушкилоти ин мардум аз таваҷҷӯҳи онҳо канор намемонад.

-Мо ба Шумо имкон медиҳем, ки ба мардум барои ҷонибдории худатон як изҳорот намоед: барои чӣ бояд ба Шумо овоз диҳанд ва аз ин пушаймон намешаванд?

– Ташаккур ба Шумо, ки чунин имкониятро барои мо муҳайё мекунед. Мо дар ҳама вохӯриҳо ба мардуми интихобкунанда муроҷиат мекунем, ки ба тарафдории Ҳизби аграрии Тоҷикистон овоз диҳад. Чунки барномаи мо бештар ба ормону ниятҳои мардум нигаронида шудааст. Кӯшиш кардем, ки масъалаҳои мубрамро дар барномаи худ пайгирӣ кунем ва роҳу воситаҳои ҳалли онҳоро нишон диҳем. Амалӣ шудани ҳадафҳои барномавии мо барои боз ҳам тақвият додани иқтисодиёт, беҳтар гардидани вазъи зиндагии мардум бештар мусоидат хоҳад кард.  Барои ҳамин, ба интихобкунандаи азиз муроҷиат мекунам, ки рӯзи 11-уми октябр ба участкаҳои интихоботӣ ҳозир шаванд ва ба ҷонибдории мо овоз диҳанд.

интихоботи президенти ТоҷикистонРаҷаб мирзоРустам ЛатифзодаТоҷикистонҲизби аграрии Тоҷикистон
Comments (0)
Add Comment