Иштироки муҳоҷирони меҳнатӣ дар интихоботи президентӣ аз нигоҳи сафир

Сафири Тоҷикистон дар Москва мушорикати коргарони муҳоҷири тоҷик дар Русияро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 11 октябр, андак бешбинӣ кард.

Имомиддин Сатторов гуфтааст,ки имсол ба далели густариши коронавирус мушорикати коргарони муҳоҷири тоҷик дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябр дар қаламрави Русия заифтар аз давраҳои қабл хоҳад буд.

Ба гуфтаи Сатторов, ҳарчанд ки кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ аз шаҳрвандони тоҷик ва ба вижа коргарони муҳоҷир даъват мекунанд, ки дар интихоботи раёсатҷумҳурии 11 октябр ширкати фаъол дошта бошанд, ибрози назарҳои ин афрод нишон медиҳад, ки онон бештар дар фикри бозгашт ба Тоҷикистон дар шароити густариши коронавирус, баста будани марзҳо ва набуди парвозҳои муназзам миёни ин ду кишвар ҳастанд.

Комиссия марказии интихоботи Тоҷикистон эълом кардааст, ки барои ширкати шаҳрвандони кишвар дар интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 11 октябр дар 29 кишвар 39 маҳалли райдиҳӣ таъсис  шуда, ки бештари ин маҳалҳо дар Русия қарор дорад.

 

Имомуддин Сатторовинтихоботи президентӣТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment