Муқовимат метавонад тамоми тавтеаҳои Исроилро новбуд кунад

Раиси дафтари сиёсии ҷумбиши Ҳамос эълом кард, ки гузинаи муқовимат метавонад тамоми тавтеаҳои режими саҳюнистиро хунсо кунад .

 

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Қудс, “Исмоил Ҳаниа” раиси дафтари сиёсии ҷумбиши Ҳамос эълом кард, ки гузинаи муқовимат метавонад тавтеаҳои муомилаи қарн, лоиҳаи илҳоқи Каронаи Бохтарӣ ва тавофуқномаҳои одди созии равобит бо душмани саҳюнистиро новбуд кунад .

Вай дар ҷараёни дидор бо дабири кулли ҷибҳаи арабӣ баён кард : уммати арабӣ , метавонад раванди одди созии равобитро ноком бигузорад.

Ду тараф дар ҷараёни ин дидор эълом карданд : бояд як мавзеъгирии якпорча барои руёрӯӣ бо лоиҳаи саҳюнистҳо, ки аз сӯи Амрико ҳимоят мешаванд , иттихоз шавад .

Онҳо ҳамчунин бо ишора ба авзоъи оворагони фаластинӣ дар Лубнон эълом карданд, ки ин оворагон , бо тарҳи кишвари ҷойгузин мухолиф ҳастанд .

Чанд рӯз қабл низ Ҳаниа бо Зиёд Аннахола, дабири кулли ҷумбиши ҷиҳоди исломӣ дар Байрут дидор карда буд .

БайрутИсмоил ҲаниаИсроилЛубнон
Comments (0)
Add Comment