Ваъдаи пешазинтихоботии Раҳмон барои интихоботи 2020

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури феълӣ ва номзади Ҳизби Халқӣ-демократии Тоҷикистон дар интихоботи раёсатумҳурии рӯзи 11 октябр, афзоиши ду баробар тавлиди нохолиси миллиро ваъда додааст.

Эмомалии Раҳмон дар барномаи интихоботии хеш, ки дар ҷузвае мунташир шудааст ваъда дода, ки дар охири давраи ҳафтсолаи баъдии раёсати ҷумҳурии хеш дар соли 2027 мизони тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон  ду баробар  афзоиш хоҳад ёфт .
Тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар соли 2020 ба мизони 26 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, ки бино бар ваъдаи Эмомалӣ  Раҳмон дар соли 2027 бояд ба 52 миллиард сомонӣ хоҳад буд.

Бар асоси ваъдаҳои интихоботии расиҷумҳури феълӣ, дар ҳафт соли оянда барои бахшҳои омӯзишу парвариш, беҳдошт, дармон, ҳуқуқу дастмуздҳо дар кишвар 120 миллиард сомонӣ ҳазина мешавад.

Раҳмон таъкид кардааст, ки барномаи тақвияти худкафоии кишвар дар заминаи энержӣ, рушди бахши саноату таъмини амнияти ғизоии мардумро ба таври ҷиддӣ пайгӣрӣ хоҳад кард. Аз дидгоҳи Раҳмон дар соли 2027 мизони ақшори ҷомеъа бо даромади молии мутавассит ба 45 дарсад ва фақр ба 18 дарсад мерасад.

интихоботи президентӣРаҳмонтавлиди нохолисТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment