Ҳамлаи саҳюнистҳо ба Каронаи Бохтарӣ / 13 фаластинӣ боздошт шуданд

Низомиёни режими саҳюнистӣ, дар ҳамла ба Каронаи Бохтарӣ 13 фаластиниро бидуни ҳеҷ иттиҳоме боздошт карданд .

 

Ба гузориши хабаргузории “Фаластин Ал-Явм”, дар идомаи иқдомоти хасмонаи саҳюнистҳо алайҳи шаҳрвандони фаластинӣ, низомиёни ин режим ба  Каронаи Бохтарӣ ҳамла карда 13 Фаластиниро боздошт карданд.

Бар асоси ин гузориш, низомиёни режими саҳюнист ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ ҳамла бурданд . Ба дунболи ин ҳамлаи ваҳшиёна , даргирии шадиде миёни саҳюнистҳо ва Фаластиниён даргирифт .

Шоҳидони айнӣ эълом карданд, ки саҳюнистҳо дар ҷараёни ин даргирӣ аз гулӯлаҳои ҷангӣ алайҳи Фаластиниён истифода карданд . Низомиёни саҳюнист дар ҷараёни ин даргирӣ 13 фаластиниро боздошт карданд .

Рӯзи гузашта низ низомиёни режими саҳюнистӣ, ба шаҳри Ал-Халил, дар Каронаи Бохтарӣ ҳамала бурда буданд.

Саҳюнистҳо дар ин ҳамла низ шуморе аз Фаластиниёнро боздошт карданд .

Ал-ХалилКаронаи БохтарӣФаластин
Comments (0)
Add Comment