Радди сабти номзадии Ергашев ва Усмонзода барои интихоботи президентӣ

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ сабти номзадии Саидҷаъфар Усмонзода ва Фаромӯз Ергашевро рад кард.

КМИРТ дар ин бора гуфт: “ҳуҷҷатҳои воридгардидаи номзадро мавриди омӯзиш қарор дода, бинобар ба талаботи қисми сеюми моддаи 65 Конститутсия ва қисми чоруми моддаи 24-и Қонуни конститутсионии болозикр ҷавобгӯй набудани ҳуҷҷатҳо бақайдгирии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар Усмонро, ки аз ҷониби Ҳизби Демократи Тоҷикистон пешбарӣ гардидааст, рад намуд.”

Ҳамин тавр, рӯзи 14 сентябр Фаромӯз Иргашев, ки тариқи худпешбарӣ номзадиашро ба интихобот пешбарӣ карда буд, гуфт, аз идомаи мубориза канор меравад, чунки 260 ҳазор имзои лозим барои сабти номзадиашро ҷамъ оварда натавонист. Иргашев гуфт, ҳамагӣ 80 ҳазор имзо ҷамъ кардааст, ки барои пешниҳод ба КМИРТ кофӣ нест.

Иргашев дар мусоҳиба бо радиои Озодӣ гуфт, ки имзоҳои ҷамъоварашударо нобуд мекунад, то ки ба онҳое, ки ба тарафдории номзадии вай овоз додаанд, “ягон зарар нарасад”.

Ба ин тартиб, КМИРТ танҳо 5 номзадро ба интихоботи президентии рӯзи 11 октябр роҳ дод. Ин 5 номзад рӯзи 13 сентябр сабти ном шуданд:

1.Рустам Латифзода аз ҷониби Ҳизби Аграрии Тоҷикистон,

2.Абдуҳалим Ғаффорзода аз ҷониби Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон,

3.Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон,

4.Рустам Раҳматзода аз ҷониби Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва

5.Мироҷ Абдуллоев аз ҷониби Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон.

Ҳизби ҳафтуми расман сабтиномшуда дар кишвар – Ҳизби мухолифи сотсиал-демократ интихоботи президентии Тоҷикистонро таҳрим кард ва гуфт, ба он номзад пешбарӣ намекунад.

Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи 11 октябр доир мешавад.

 

интихоботи президентӣКМИРТТоҷикистонУсмонзодаФаромӯз ЕргашевЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment