Раҳмон Убайдуллоевро бо ордени ситораи президентӣ қадрдонӣ кард

Дар душанбе ба истиқболи 29 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ва унвону ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд баргузор гардид

Тибқи иттилои дафтари матбуотии президент, маросими ҷоизасупорӣ дирӯз дар Қасри Миллат, ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.

Қабл аз оғози маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 29-солагии Истиқлол шодбош гуфта, изҳор доштанд, ки фаъолияти пурсамар ва содиқонаи фарзандони бонангу номуси миллат, заҳмати созандаву бунёдкоронае, ки ба нафъи ободиву пешрафти Ватан равона шудааст, аз ҷониби давлат ҳамеша қадрдонӣ карда мешавад.

Ҳамин тавр барои дастовардҳои баланди истеҳсолию соҳибкорӣ, фаъолияти самаранок дар хизмати давлатӣ ва рушди илму фарҳанги мамлакат, 70 нафар корманди соҳаи илму фарҳанг, тандурустӣ, истеҳсоли мол ва хизматрасониҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, дигар хизматчиёни давлатӣ ва соҳибкорон, аз ҷониби президент бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гаштаанд.

Манбаъ гуфтаат, ки “бо Фармони раисҷумҳур собиқ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи I қадрдонӣ карда шуд” .

Дар идома ин манбаъ изҳор дошта, ки дар миёни сарфарозшудагон бо мукофотҳои давлатӣ мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла адибон, омӯзгорон, табибон, аҳли фарҳангу санъат, кишоварзон, коргарону сохтмончиён ва соҳибкорон буданд.

Гуфта мешавад 1 нафар унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, 3 нафар унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 1 нафар унвони фахрии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон, 1 нафар унвони фахрии “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, 2 нафар унвони фахрии “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, 1 нафар бо ордени “Шараф” дараҷаи II, 36 нафар бо медали “Хизмати шоиста” ва 3 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Бо дастури раисҷумҳур 3 нафар бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника дар соли 2020 ва 12 нафар бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020 сарфароз карда шудаанд, афзудааст котиботи президент.

Дар маросими мукофотсупорӣ як гуруҳ олимони соҳаҳои гуногуни илми ҷумҳурӣ бо Қарори Ҳукумат соҳиби Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2020 гардидаанд.

Манбаъ мегӯяд, ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ, аз ҷумла ба олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника супорида шудааст.

P.S: Ба назар мерасад пеш аз интихобот ин нав иқдомҳо барои ҷазби бархе аз шахсиятҳои кишвар лозимаст, ки дар замони интихобот мушкил ва проблема эҷод накунанд  Мумкин аст дар зоҳир онҳо барои ин ифтихорот мухолифате надошта бошанд чаро ки чорае надоранд ва қувваи эътироз ҳам надоранд. Ба назар мерасад фурсате пеш ояд аз худи Убайдуллоев гирифта то дигарон ки қудрате аз худ надоранд ва ҳамеша таҳқир шудаанд ин таҳқиротро посух медиҳанд. Ба гуфтаи бархе аз манобеи мо баъд аз иттифоқи Белорус раисҷумҳури кишвар ва дигар ниҳодҳо ба шиддат нигарон ҳастанд, ки ин давраи интихобот ба мисли дигар интихобот нахоҳад буд ва мумкин аст ба сарнавишти Белорус дучор шавем….

Абӯалӣ ибни СиноИсмоили СомонӣҚасри МиллатМаҳмадсаид УбайдуллоевЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment