Раванди идомаи иқдомоти сиёсии аҳзоб барои интихоботи президентӣ

Дар остонаи интихоботи ҳафтуми раёсатҷумҳури(президенти)и Тоҷикистон, ҳизбҳои сиёсии ин кишвар номзадҳо ба мансаби раиси ҷумҳуриро пешбарӣ мекунанд.

Раҳбари Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдулҳалим Ғаффоров дар анҷумани ахири ин ҳизб ва Саидҷаъфар Усмонзода аз Ҳизби демократӣ барои интихоботи ояндаи президентӣ ҳамчун номзад пешбарӣ шудаанд. Бо ворид шудани номзадҳо аз ду ҳизби фаъоли Тоҷикистон шумораи номзадҳо дар интихоботи ҳафтуми президентӣ дар Тоҷикистон ба се нафар расид. Қаблан Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон раҳбари он Рустам Латифзодаро ба ҳайси номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ карда буд. Интизор меравад, ки Ҳизби коммунистӣ ва Ҳизби халқӣ-демократии ҳоким номзадҳои худро дар интихобот аввали моҳи оянда (сентябр) эълон кунанд.

Як қатор нуктаҳо дар робита ба баргузории интихоботи ҳафтуми президентӣ дар Тоҷикистон вуҷуд доранд. Интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон 11 октябри соли равон (2020) таъин шудааст. Интихоботи президентӣ моҳи октябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд, дар ҳоле ки ҳамаи интихоботи қаблии президентии Тоҷикистон аз замони истиқлолият дар соли 1991 ҳамеша дар моҳи ноябр баргузор мешуданд. Мутобиқи Конститутсияи Тоҷикистон, ҳизбҳо, иттифоқҳои касаба ва иттифоқҳои ҷавонон ҳақ доранд, ки номзад ба президентиро пешбарӣ кунанд. Ҳамзамон, ин аввалин интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон пас аз раъйпурсӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба сарқонуни Тоҷикистон мебошад. Тибқи натиҷаҳои ислоҳоти конститутсионии Тоҷикистон, ки моҳи майи соли 2016 ба раъйпурсӣ гузошта шуда буд – синни номзадҳои президентӣ аз 35 то 30 сол коҳиш хоҳад ёфт ва инчунин иштироки номаҳдуди президент Эмомалӣ Раҳмон, ки унвони”Пешвои миллат”-ро дорад,таъмин шуд.

Аксари коршиносони тоҷик президенти феълиро муддаии асосӣ дар интихоботи ҳафтуми президентӣ дар Тоҷикистон меҳисобанд. Аммо таҳлилгарони сиёсӣ бар онанд, ки Тоҷикистон метавонад бо сенарияҳои гуногуни рушди сиёсӣ дар арафаи интихоботи президентӣ ё баъд аз он рӯбарӯ шавад. Дарвоқеъ, бархе коршиносони тоҷик пешгӯӣ мекунанд, ки дар 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон,дар соли 2021 Эмомалӣ Раҳмон, ба монанди президенти Қазоқистон, “расман канор меравад” ва қудратро ба раиси Маҷлиси Миллӣ,яъне писараш Рустами Эмомалӣ месупорад. .

Рустами Эмомалӣ, сиёсатмадори 32-сола ва писари президенти кунунӣ, ба нишастан ба  курсии сенаторӣ дар Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва интихоб ба унвони раиси ин маҷлис дар замони кутоҳе пешрафти сиёсӣ кардааст. Дар Тоҷикистон, раиси Маҷлиси Миллӣ шахси дуввум дар мансаб аст ва дар сурати марги президент ё истеъфои ӯ, вай то интихоботи нав ин мақомро ба дӯш хоҳад гирифт. Вай ҳамакнун беш аз се сол  аст,ки шаҳрдори Душанбе, пойтахти Тоҷикистон аст. Раҷаб Мирзо-рӯзноманигори маъруф ва сиёсатшиноси тоҷик мегуяд “Авҷи ҷараёни корона нақшаҳои интиқоли қудратро ба Рустами Эмомалӣ ба таъхир андохт. Эҳтимолан, илова ба пешгӯиҳои коршиносони тоҷик, Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ ширкат хоҳад варзид,. Вай ширкат ва пирӯз хоҳад шуд, аммо пас аз таҷлили 30-солагии истиқлоли Тоҷикистон, истеъфо хоҳад дод ва қудратро ба писараш месупорад.”-гуфт Раҷаби Мирзо

Рустами Эмамалӣ аз моҳи апрели соли равон раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон аст.

Дар маҷмӯъ бо назардошти он ки баъзе коршиносони тоҷик бо ишора ба давраҳои пешини интихоботи президентии Тоҷикистон мухолифсозӣ дар ин интихоботро низ маснуъӣ медонанд,шубҳае нест,ки мушорикати раисони ҳизбҳои Тоҷикистон,танури интихоботро гарм нигаҳ хоҳад дошт.

 

интихоботи президентӣТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment