Нигоҳе ба сиёсатҳои шикастхӯрдаи Амрико дар Сурия

Соли 2011 буд, ки Даръо шоҳиди ҳаводиси мушобеҳи Миср ва Баҳрайн буд. Ҳаводисе, ки дар зоҳир тавассути мардуми минтақа нисбат ба ишколоти мақомоти маҳаллӣ оғоз шуд, аммо ногаҳон бо тавеъи аслиҳа ва ҳамла ба қароргоҳҳои полис ва тасарруфи подагонҳои артиш ба як ҷанги дохилӣ кашонда шуд.

Дар ҳамон замон сиёсати Амрико сарнагунии давлати марказӣ, тақсими Сурия ба чанд бахш ва дар ҳақиқат иҷрои тарҳи сипари ҳифозатии режими саҳюнистӣ ба сабаби бедории исломӣ буд.

Бо ин ҳол сиёсати Амрикоро дар тӯли буҳрони Сурия, сарнагунии давлати Асад ва раҳосозии ин давлат аз масири истиқлолхоҳӣ ва ҳимоят аз муқовимат аст. Борҳо раиси давлати Сурия, доктори Асад эълон кард, ки мақомоти кишварҳои минтақаӣ ва ҳатто аврупоӣ мустақим ё бо восита аз Димишқ хостанд дар сурате, ки даст аз ҳимояти Фаластин бардорад қатъан ҷанги дохилӣ дар ин кишвар поён меёбад ва ҳатто Сурияро беҳтар аз қабл бозсозӣ мекунанд. Бо ин ҳол дар ҳоле ба соли 2021 наздик мешавем, ки Сурия аз домани терроризм дар бисёре аз манотиқ раҳоӣ ёфта ва дар охирин марҳила барои поксозии Сурия орӣ аз терроризм қарор дорад. Аммо агар бихоҳем сиёсатҳои шикастхӯрдаи Амрикоро дар гомҳои бардошташуда таҳлил намоем бояд ба ин шарҳ эълон кунем.

  1. Ҳазфи Асад ва террор

Амрикоиҳо аз ҳамон ибтидо проекти ҳазфи Асад ва террори ӯро дар дастури кор худ қарор дода буд. Мутобиқи гузоришҳои мунташиршуда баъзе аз ин маворид ба айна қобили баён аст. Ба таври намуна дар соли 1392 ҳ.ш тарҳи террори Башор Асад дар фурудгоҳи Лозиқия бо ҳамкории сервиси иттилоотии Туркия ва Қатар ва бо иттилоъ ва сиёсатгузории амрикоиҳо тавассути Алқоидаи Сурия (Ҷабҳатуннусра) анҷом шуд. Ё дар ҷои дигар намояндаи Конграи Амрико сухан аз зарурати террори Асад гуфт. Дар бисёре аз мавориди дигар ҳам тарҳи террори Асад ва хонадони ӯ мунташир шуд, ки ҳамагӣ ҳокӣ аз сиёсати террор ва ҳазфи Асад аст. Бо ин ҳол аз соли 2011 ба ин сӯ Асад бар курсии қудрат ва раёсатҷумҳурии Сурия такя зада, ки дар навъи худ нишон аз аҷзи Вашингтон дар иҷрои роҳбурди ҳазф аст.

  1. Чандпорасозии Сурия

Сенарияи чандпорасозӣ аз ибтидо то ба имрӯз дастури кори мақомоти Кохи сафед қарор дошт. Дар ибтидо шарқ ба унвони маркази парвоз мамнуъ дар назар гирифта шуд, ки бо вуруди муқовимат дар шарқи Сурия ва нобудсозии проекти лонаи занбур дар Дайруззур барои канализасозии ДИИШ ноком монд. Дар шимол ва ҷануб низ бо озодсозии Даръо ва Ҳалаб амалан артиши Сурия тарҳи чандпорасозии Сурияро ноком гузошт ва монеъ аз ташкили давлати интиқолӣ дар Ҳалаб гардид. Сенарияе, ки дар Либия рух дод ва дар ҳоли ҳозир Либия чанд пораро шоҳид ҳастем. Аз сӯи дигар аҳзоби сиёсии мухолифи давлат бо нигоҳ ба сиёсатҳои вобастагароёнаи ғарб нисбат ба рафтори онон, амалан ба самти давлати Асад ҳаракат карданд ва ба ғарб пушт намуданд. Коршиносон мӯътақиданд яке аз далоили даст кашидани гурӯҳҳои сиёсӣ аз Амрико ва тамоюл ба бозгашт ба даруни ҳокимияти Сурия, шинохти ин аҳзоб аз фаъолият ва сиёсатҳои пушти пардаи Кохи сафед ва Риёз буд.

  1. Таҳрим ва тазъифи давлат

Дар ҳоле давлати Сурия аз шарқ бо ДИИШ ва гурӯҳҳои террористии баргирифта аз ӯ мувоҷеҳ аст ва дар шимоли ғарб даргири поксозии манотиқи ишғолшудаи Идлиб аз вуҷуди гурӯҳҳои такфирӣ–террористии Алқоида ва Ҷабҳатуннасра аст, давлати Амрико таҳримҳои худ алайҳи Димишқро афзоиш медиҳад ва аз он ба унвони проекти Қайсар ёд мекунад. Қонуни Қайсар натанҳо дар саҳнаи сиёсатгузорӣ ва тасмимгирии Сурия таъсири мустақим надорад, балки бештар ҷанбаи ҳимоятӣ аз террористҳо дар баробари давлати марказӣ аст. Ин қонун дар идомаи сиёсати фишор аз боло ва сарнагунӣ аз дарун аст, ки то ба имрӯз дар Сурия ҷавобе надоштааст. Баръакс сабаб шуд, ки бо узвияти Сурия дар бошгоҳи таҳримиҳо, ин кишвар вобастагии худ аз ғарб ва Амрикоро бо нигоҳ ба меҳвари муқовимат ва шарқ дар даруни минтақа ва бо истифода аз зарфиятҳои худ думбол кунад ва ниёзҳои худро таъмин намояд.

Ба назар мерасад таҳримҳои ахири ҳадафи “ҷони тоза” ба террористҳои мусаллаҳ ва такфирӣ дар Идлиб ва шарқи Сурия ва низ рӯҳия бахше ба онон дар қиболи давлат мустақар аст. Ва гарна Кохи сафед хуб медонад таҳримҳо ва сиёсатҳои даҳ соли гузашта ҳеҷ тағйире дар механизми сиёсатгузорӣ ва тасмимгирии мақомоти Димишқ нагузоштааст.

АмрикоБашор АсадСурия
Comments (0)
Add Comment