Оё нақшаи интиқоли қудрат ба таъхир андохта мешавад?

Манобеи мухталифи баландпоя дар Душанбе мегӯянд, доираҳои ҳукмрони Тоҷикистон дар мавриди интихоботи қарибулвуқӯи президентӣ ба чунин хулоса расидаанд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон бояд ин дафъа ҳам номзадии худашро гузорад.

Ба гуфтаи ин манобеъ, нақшаи интиқоли қудрат аз падар ба писар, яъне аз Эмомалӣ Раҳмон ба писари калониаш Рустами Эмомалӣ, ба чанд далел ва мулоҳизаи сиёсӣ ба таъхир андохта шудааст.

Коршиносон дар ин бора мегӯянд, гуруҳҳои мухолифи ин нақша дар дохили ҳукумат, асосан роҳбарони вазоратхонаҳои қудратӣ, Эмомалӣ Раҳмонро мутақоид кардаанд, киин дафъа ҳам номзадии худашро пешбарӣ кунад.

“Мисли интихоботҳои солҳои 2006 ва 2013 чанд номзад аз ҳизбҳои дигар низ пешбарӣ хоҳанд шуд, вале вазифаи ин номзадҳо танҳо демократӣ ва алтернативӣ ҷилва додани интихоботи навбатӣ аст. Маълум аст, ки онҳо қобил ба рақобати ҷиддие нест ва ин интихобот ҳам бо пирӯзии бидуни чуну чарои Эмомалӣ Раҳмон анҷом хоҳад ёфт.”

Ба гуфтаи онҳо, мухолифони интиқоли қудрат ба писари калонии президент, Эмомалӣ Раҳмонро мутақоид сохтаанд, ки ба далели хидматҳояш дар рушди давлатдорӣ бояд маъракаи муҳими 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистонро дар моҳи сентябри соли 2021 худи вай сару бар шавад. Ва барои ин зарур аст, ки дар мақоми президентӣ бимонад.

Онҳо ба Эмомалӣ Раҳмон машварат додаанд, ки ба масъалаи интиқоли қудрат баъди баргузории ҷашни 30-солагии истиқлолият метавонад баргардад.

Як манбаи наздик ба дастгоҳи президент мегӯяд: “Бино ба талқини тарафдорони ин гуруҳ, таҷрибаи Рустами Эмомалӣ дар мавриди ба дасти худ гирифтани курсии аввал ҳанӯз кофӣ нест ва ӯ то ҷашни 30-солагӣ бояд таҷрибаи раҳбариашро ғанитар кунад. Вале тавре ба назар мерасад, мухолифони президентии Рустами Эмомалӣ, ки ҳоло гапи худро тавонистанд гузаронанд, умедворанд, ки баъди ҷашни истиқлол Эмомалӣ Раҳмонро барои боз ба таъхир гузоштани нақшаи супурдани қудрат ба писараш мутақоид хоҳанд кард ва ба ин тартиб, худи Эмомалӣ Раҳмон як давраи дигари ҳафтсола дар мақоми президентӣ мемонад ва масъалаи президентии Рустамро онҳо метавонанд то интихоботи президентии соли 2027 тӯл бидиҳанд”.

Ба гуфтаи коршиносон, дар баробари “камтаҷрибагӣ”-и Рустами Эмомалӣ, далели дигаре, ки мухолифони президентии ӯ дар миён гузоштаанд, то кунун ба ин нақша майл нишон надодани Кремл – шарик ва пуштибони асосии ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон будааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, дар суҳбатҳои маҳрамона президенти Русия Владимир Путин ва атрофиёнаш ба Эмомалӣ Раҳмон дар пайравӣ ба Қазоқистон барои як давраи ҳафтсола дар мақоми президентӣ нишондани бархе сиёсатмадорони дигари Тоҷикистонро машварат додааст. Гуфта мешавад, ки сухан дар бораи номзадҳое, чун Қоҳир Расулзода – сарвазир ва Азим Иброҳим – муовини сарвазири Тоҷикистон меравад, ки ба ақидаи бархе доираҳои бонуфузи Русия, метавонанд то соли 2027, то такмил шудани таҷрибаи раҳбарии Рустами Эмомалӣ Эмомалӣ Раҳмонро дар мақоми президентӣ иваз кунанд.

Вале таҳаввулоти ахири Қазоқистон, бахусус аз мақоми раёсати Сенат канор задани Дориға Назарбоева – духтари калонии президенти қаблии он кишвар Нурсултон Назарбоев, шонси истифодаи сенария президенти муваққат дар Тоҷикистонро ба сифр баробар кард.

Чунин ба назар мерасад, ки Эмомалӣ Раҳмон назар ба инки президентиро мисли Назарбоев муваққатан ба касе супорад, тарҷеҳ дод, ки худаш барои як навбати дигар ба интихобот равад.

Дар ин байн тағйири Қонуни асосии Русия ва ҳамвор шудани роҳи тамдиди президентии худи Путин то соли 2036 як далели дигари онҳое шуд, ки Эмомалӣ Раҳмонро барои тамдиди замони раёсаташ ташвиқ мекарданд.

Нақшаи интиқоли қудрат аз падар ба писар чанд сол боз пеш бурда мешуд ва бисёриҳо интизор доштанд, ки алакай дар интихоботи соли 2020 сурати комил хоҳад гирифт. Ба ин мақсад Рустами Эмомалиро дар солҳои охир дар чанд мансаби гуногуни раҳбарӣ, аз ҷумла дар раёсати Хадамоти гумрук, Агентии мубориза бо коррупсия ва шаҳрдории Душанбе озмоиш карданд. Соли 2016 бо тағйири Қонуни асосӣ синни ҳадди ақали номзадӣ ба президентиро аз 35 ба 30 пойин оварданд ва Рустами Эмомалӣ, ки ҳоло 32 сол дорад, ҳаққи пешбарии номзадиаш дар интихоботи соли 2020-ро ба даст овардааст.

Гузашта аз ин, моҳи апрели соли 2020 Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллӣ – палатаи болоии парлумони Тоҷикистон интихоб гардид ва тибқи Қонуни асосӣ, раҳбари дуюми кишвар шуд. Бар асоси Қонуни асосӣ, дар сурати ба далеле аз мақоми президентӣ рафтани Эмомалӣ Раҳмон, маҳз раиси Маҷлиси миллӣ то баргузории интихоботи ҷадид иҷрокунандаи вазифаи президент мешавад.

Ҳамин иқдом – ба мақоми раиси Маҷлиси миллӣ овардани Рустами Эмомалӣ – мухолифони нақшаи интиқоли қудрат аз падар ба писарро фаъол кард. Дар чанд моҳи охир асосан дар Интернет матлабҳои фаровоне ба зидди чунин шеваи интиқоли қудрат дар Тоҷикистон нашр шуд ва як нуктаи ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки мухолифини ин нақша тавонистанд ҳатто нирӯҳои мухолифини тоҷикро, ки асосан дар хориҷ аз кишвар амал мекунанд, ба ин маърака ҷалб кунанд.

Як таҳлилгари ба оппозитсия наздик сабаби фаъолона ба ин маърака пайвастани мухолифин, бо шумули роҳбарони аввалаш, аз ҷумла Муҳиддин Кабириро чунин шарҳ дод: “Аввалан, ин мавзӯъ ҳаст, ки интиқоли қудрат аз падар ба писар мухолифи меъёрҳои демократӣ аст ва мухолифин чунин шеваро усулан қабул надоранд. Вале Кабирӣ, барои мисол, ду сол пеш бар ин буд, ки ҳар навъ тағйир дар режимҳои сиёсии Осиёи Марказӣ аломати мусбат ваё ҳадди ақал умедворкунанда аст. Аммо моҳҳои охир хеле ба шиддат алайҳи интиқоли қудрат аз Эмомалӣ Раҳмон ба писараш Рустами Эмомалӣ баромад мекард. Фикр намекунам, ки инҷо кадом муомилаи ҷиддие байни оппозитсия ва гуруҳҳои мухолифи ин нақша дар дохили ҳукумат сурат гирифта бошад. Ба фикри ман, сабаб асосан ин аст, ки оппозитсияи кунунӣ барои як ҳокими худкома ва саркӯбгар тасвир кардани Эмомалӣ Раҳмон дар чашми ҷомиаи ҷаҳонӣ вақту нирӯи зиёде сарф карда буданд. Ва агар ӯ мерафту Рустам ба ҷояш меомад, табиист ки ҳама ҳисобҳо аз нав аз сари хат сар мешуд ва он ҳама талошҳои сарфшуда барҳадар мерафтанд. Аз ин лиҳоз, чунин ба назар мерасад, ки мондани Эмомалӣ Раҳмон назар ба омадани писараш Рустам бештар ба манфиати оппозитсия аст…”

Ба ақидаи нозирони умур дар Душанбе, мухолифати бархе гуруҳҳо дар дохили ҳукумат ба президентшавии Рустами Эмомалӣ хусусияти бештар меркантилӣ дорад, яъне онҳо низ дар мақомаш мондани Эмомалӣ Раҳмонро назар ба омадани Рустами Эмомалӣ бештар ҷавобгӯи манфиатҳои худ мебинанд.

Яке аз коршиносон дар ин бора гуфт: “Ин гуруҳҳо ба режими мавҷуда одат кардаанд. Хуб медонанд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар куҷо ва кадом мавридҳо қаҳру итоб мекунад ва чӣ бояд кард, ки ризои ӯро ба даст овард? Рустам намояндаи як насли дигар аст ва доираҳои ҳокими кунунӣ, ки аксаран аз насли кӯҳансоланд, аз эҷоди беэътимодӣ ба ояндаи худ тарс доранд. Онҳо метарсанд, ки Рустами ҷавон такя ба кадрҳои ҷавон хоҳад кард ва кадрҳои кӯҳна баъди рафтани Эмомалӣ Раҳмон барои раҳбари нав шояд кор наоянд. Онҳо механизми рафтор ва ҳосил кардани ризоияти Рустами Эмомалиро ҳанӯз дуруст ёд нагирифтаанд ва табъан барояшон беҳтар дар курсиаш мондани Эмомалӣ Раҳмони барояшон ошно, сад раҳ омӯхташуда ва бе сюрприз аст, то Рустаме, ки ҳанӯз намедонанд, баъди расидан ба президентӣ аз кадом роҳ хоҳад рафт? Бархе аз ин ҳам тарс доштанд, ки ӯ метавонад мисли Шавкат Мирзиёев дар Ӯзбекистон роҳи ислоҳотро пеш бигирад. Рустам ҳатто агар дар хатти машши сиёсии давлат чизеро тағйир надиҳад ҳам, дар масоили кадрӣ шояд такя ба кадрҳои кӯҳнаи бозмонда аз падараш накунад. Мояи нигаронии элитаҳои кунунӣ аз ҳамин зовия об мехӯрад ва ба ҳамин далел, онҳо бо ҳар роҳе Эмомалӣ Раҳмонро мутақоид карданд, ки худаш бимонад дар мақом.”

Ба гуфтаи коршиносон, ҳоло дар Душанбе хеле бо таваҷҷуҳ корзори алакай оғозёфтаи интихоботи президентии Беларусро назора мекунанд ва сенарияи интихоботи президентии Тоҷикистон вобаста ба инки интихобот дар Беларус бо чӣ анҷом хоҳад ёфт, шояд бозбинӣ шавад. Президенти кунунии Беларус Александр Лукашенко, ки аз соли 1994 инак 26 сол боз бар он кишвар роҳбарӣ мекунад, рақибони асосии худро ба интихобот роҳ надод ва бо ишораҳои батакрор ба гӯё кӯшишҳои Маскав барои барандохтани ӯ аз мақом қавл додааст, ки қудратро ба касе нахоҳад дод. Вале афзоиши эътирозҳо дар Беларус баёнгари он аст, ки ҳатто бо вуҷуди аз майдон рондани тамоми рақибони ҷиддиаш Лукашенкоро ин дафъа чандон интихоботи осоне дар пеш нест.

Интихоботи навбатии президенти Тоҷикистон, қарор аст, тирамоҳи соли ҷорӣ баргузор шавад. Эмомалӣ Раҳмон, ки то интихобот синни 68-ро пур мекунад, аз соли 1992, инак қариб 28 сол боз роҳбарии Тоҷикистонро дар даст дорад. Ӯ дар интихоботҳои президентии солҳои 1994, 1999, 2006 ва 2013 ғолиб эълон шуд. Ба истиснои интихоботи соли 1994, ки Эмомалӣ Раҳмон бо Абдумалик Абдуллоҷонов вориди рақобати ҷиддӣ шуд, дар интихоботҳои минбаъда ӯ ягон рақиби ҷиддӣ ва билқувва надошт. Он номзадҳое, ки сабти ном мешуданд, ба ҷуз аз алтернативӣ ҷилва додани он маъракаҳо, вазифаи дигаре надоштанд.

Нозирони САҲА то имрӯз ягон интихоботи Тоҷикистонро ҷавобгӯи меъёрҳои ҳадди ақали як интихоботи озод ва демократӣ эътироф накардаанд.

Бознашр аз сомонаи Ахбор

Қоҳир РасулзодаНурсултон НазарбоевРустами ЭмомалӣЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment