Ба гузориши хабаргузории шабакаи “Ал-Ҷазира”, вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ эълом кард, тайи 24 соати гузашта, 2442 мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус дар ин кишвар сабт шудааст.
Бо сабти мавориди ҷадид, омори мубталоёни ба коронавирус то имрӯз ба 70 ҳазор ва 161 нафар афзоиш ёфтааст.
Ҳамчунин бо ҷон бохтани 15 нафари дигар бар асари коронавирус, омори фавтиҳо ба 379 нафар расидааст.