Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Ал-Масира“, Сайид Абдулмалик Ал-Ҳусӣ, бо судури паёме иди саиди Фитрро ба уммаит исломӣ ва миллати Яман ва размандагони ин кишвар дар ҷабҳаи набард табрик ва таҳният гуфт.
Раҳбари Ансоруллоҳи Яман, дар ин паём таъкид кард, ки миллати мо бо таҷовузоти золимонае рӯбарӯ аст; Таҷовузе, ки таҳти назорати Амрико ва ҳамкории Исроил анҷом мешавад. Таклиф ва вазифаи динӣ, фитрӣ ва миллии мо эҷоб мекунад, ки бо тамоми қувват дар муқобили ин таҷовузот биистем.
Вай хостори иқдомот ва басиҷи фаъолона ва қавӣ дар сатҳи низомӣ барои ҳимоят аз ҷабҳаҳои набард аз тариқи ҳимоятҳои молӣ ва нерӯи инсонӣ шуд.
Раҳбари Ансоруллоҳи Яман ба коронавирус ҳам ишора кард ва зимни ҳушдор дарбораи ташдиди он дар ин кишвар хостори иқдомоти пешгиронаи матлуб барои ҷилавгирӣ аз он шуд.