Шумори ҷонбохтагони Испания бар асари коронавирус аз 23 ҳазор нафар гузашт

Шумори бемороне, ки бар асари ибтило ба вируси корона дар Испания ҷони худро аз даст додаанд аз 23 ҳазор нафар гузаштааст.

 

Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории “Тасним“, бар асоси эъломи вазорати тандурустии Испания, тайи 24 соати гузашта 288 нафар бар асари ибтило ба коронавирус дар ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд.

Бо ҳисоби фавтиҳои имрӯз, шумори ҷонибохтагон дар Испания ба 23190 нафар расидааст.

Испания пас аз Амрико ва Италия, бештарин омори ҷонибохтагони коронавирус дар ҷаҳонро дорост.

Ҳамчунин бо сабти 2,870 мавриди ҷадид, шумори мубталоён ба коронавирус дар Испания ба 226,629 нафар расидааст.

Испаниякоронавирус
Comments (0)
Add Comment