Вазири тандурустии режими саҳюнистӣ ба истеъфо меравад

Расонаҳохабар доданд, ки вазири тандурустии режими саҳюнистӣ қасди канорагирӣ аз ин вазифаро дорад.

Вазири тандурустии режими саҳюнистӣ, ки барои наҳваи муқобила бо вируси корона бо интиқодҳое мувоҷеҳ шудааст, ба нахуствазири ин режим гуфтааст, ки қасди канорагирӣ аз ин вазифаро дорад.

Ба навиштаи рӯзномаи Ҳооретс, Ёкуф Литзмен, вазири тандурустии Исроил, ки дар рӯзҳои гузашта барои наҳваи мувоҷеҳа бо вируси коронаи ҷадид мавриди интиқод қарор гирифта буд, ба Бенёмин Нетонёҳу, нахуствазири Исроил гуфтааст, ки қасди канорагирӣ аз ин вазифаро дорад.

Бархе манобеи огоҳ гуфтаанд, ки Ёкуф Литзмен қасд дорад, вазири маскани режими саҳюнистӣ шавад.

Ин вазири саҳюнистӣ дар ҳоле қасди канорагирӣ аз вазифаро дорад, ки як рӯзномаи саҳюнистӣ дар гузорише аз тарсу ҳароси ниҳодҳои амниятӣ ва сиёсии ин режим аз оғози нофармонии мадании густурда дар Фаластини ишғолӣ дар пайи ривоҷи корона ва фароҳам будани авомили мавриди ниёз барои ин масъала, хабар дод.

Рӯзномаи саҳюнистии Ҳооретс дар ин бора навишт: тарафҳои мухталиф дар бахшҳои мухталифи дастгоҳҳои иттилооти низомӣ ва иттилоот ва амнияти дохилии Исроил дар бораи муқобила ва пешгирии ҳаргуна нофирмонии маданӣ дар пайи ҳамагирии корона ройзанӣ кардаанд.

Дар ин гузориш омадааст, ки дар ин нишастҳо, намояндагоне аз Шӯрои амнияти миллӣ ва тими коршиносӣ ба раёсати профессор Эйли Фоксман, ширкати доштанд ва масъалаи авомили эҳтимолии поймолшавии қонун алайҳи ҳокимияти режими саҳюнистӣ аз ҷумла эҳсоси адами коромадии ҳокимият дар маҳори масоил, адами эътимод ба сервиси сиёсии кишвар ва омори ироашудаи он ва дастуроте, ки давлат содир мекунад, баррасӣ карданд.

вируси КоронаИсроилистеъфоРежими саҳюнистӣ
Comments (0)
Add Comment