Шумори қурбониёни коронавирус дар Фаронса аз 22 ҳазор нафар гузашт

Вазорати тандурустии Фаронса, аз афзоиши мавориди маргумир бар асари ибтило ба коронавирус, (бемории ковиди-19) дар ин кишвар ба беш аз 22 ҳазор маврид хабар дод.

 

Ба гузориши шабакаи хабарии “Sky News“, вазорати тандурустии Фаронса эълом кард, теъдоди қурбониёни коронавирус (бемории ковиди-19) дар ин кишвар ба 22245 нафар расидааст.

Бинобар эъломи вазорати тандурустии Фаронса, тайи 24 соати гузашта 389 маврид маргумири ҷадид бар асари ибтило ба коронавирус дар ин кишвар ба сабт расидааст, ки ин рақам камтарин мизони маргумири рӯзона бар асари ибтило ба коронавирус дар Фаронса аз авохири моҳи март токунун маҳсуб мешавад.

Фаронса, аз лиҳози шумори мавориди маргумир бар асари ибтило ба коронавирус, пас аз кишварҳои Амрико, Италия ва Испания рутбаи чаҳоруми ҷаҳонро ба худ ихтисос додааст.

Теъдоди мубталоён ба коронавирус дар Фаронса низ болиғ бар 160 ҳазор нафар гузориш шудааст, ки бар асоси оморҳои расмии мунташир шуда аз сӯи вазорати тандурустии Фаронса токунун беш аз 43 ҳазор нафар аз мубталоён, саломатии худро бозёфтаанд.

Sky-newsкоронавирусФаронса
Comments (0)
Add Comment