Шумори қурбониёни коронавирус дар Испания аз 21 ҳазор нафар гузашт

Шумори ҷонибохтагон бар асари ибтило ба коронавирус дар Испания аз 21 ҳазор нафар гузаштааст.

 

Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории “Тасним”, вазорати тандурустии Испания аз фавти 430 нафари дигар бар асари ибтило ба коронавирус дар ин кишвар тайи 24 соати гузашта хабар додааст.

Бо дар назар гирифтани ин омор, шумори ҷонибохтагон дар Испания ба 21,282 нафар расидааст.

Ҳамчунин бо сабти 3,968 мавриди ҷадиди ибтило ба коронавирус дар Испания, шумори мубталоён дар ин кишвар ба 204,178 нафар расидааст.

Испаниякоронавирус
Comments (0)
Add Comment