Марги 410 нафар дар 24 соати гузашта дар Испания бар асари коронавирус

410 бемори мубтало ба коронавирус тайи 24 соати гузашта дар Испания ҷони худро аз даст доданд.

Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории “Тасним”, мақомоти Испания рӯзи якшанбе эълом карданд, ки 410 бемори мубтало ба коронавирус тайи 24 соати гузашта дар ин кишвар ҷони худро аз даст доданд.

Ба ин тартиб шумори ҷон бохтагон бар асари ибтило ба навъи ҷадиди коронавирус дар Испания ба 20453 нафар расид.

Токунун 195944 мавриди ибтило ба ин вирус дар Испания ба сабт расидааст.

Испаниякоронавирус
Comments (0)
Add Comment