Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории “Форс”, теъдоди талафоти коронавирус дар сартосари ҷаҳон ба беш аз 152 ҳазор нафар расидааст.
Ҳамчунин теъдоди мубталоёни ба коронавирус дар сартосари ҷаҳон ба беш аз 2 миллион ва 223 ҳазор нафар расидааст.
Ҳамчунон бештарин омори мубталоёни ба коронавирус бо беш аз 690 ҳазор нафар мутааллиқ ба Амрико аст. Бар асоси ин омор беш аз як чаҳоруми мубталоёни ба коронавирус шаҳрвандони Амрикоӣ ҳастанд.
Теъдоди қурбониёни коронавирус дар ин кишвар низ ба ҳудуд 36 ҳазор нафар расидааст.
Баъд аз Амрико, Испания бо беш аз 188 ҳазор нафар бештарин теъдоди мубталоёни ба коронавирус дар ҷаҳонро дорад.
Теъдоди қурбониёни коронавирус дар ин кишвари Аврупоӣ низ ба беш аз 19 ҳазор ва 600 нафар расидааст.