Талафоти коронавирус дар Испания 585 нафар афзоиш ёфт

Оморҳои расмӣ нишон медиҳад, теъдоди талафоти мубталоёни ба коронавирус дар Испания рӯзи ҷумъа ба 585 нафар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории “Reuters“, дар ҳоле, ки талафоти коронавирус дар Испания рӯзи панҷшанбе ба 551 нафар расида буд ин рақам рӯзи ҷумъа ба 585 нафар афзоиш ёфтааст.

Бар асоси ин гузориш, омори талафоти коронавирус дар Испания тайи рӯзҳои ахир бисёр камтар аз авҷи талафоти ин буҳрон дар авоили моҳи апрел буда, ки рӯзона беш аз 900 фавтӣ гузориш мешуд.

Ин гузориш нишон медиҳад теъдоди мубталоёни ба коронавирус дар ин кишвар низ бо 2.9 дарсад афзоиш нисбат ба рӯзи панҷшанбе ба беш аз 188068 нафар дар рӯзи ҷумъа расидааст.

ReutersИспаниякоронавирус
Comments (0)
Add Comment