Теъдоди мубталоёни ба коронавирус дар Нидерланд ба марзи 20 ҳазор нафар расид

Мақомоти тандурустии Нидерланд, аз афзоиши теъдоди мубталоёни ба коронавирус дар ин кишвар хабар медиҳанд.

Ба гузориши хабаргузори “Reuters“, мақомоти тандурустии Нидерланд рӯзи се шанбе эълом карданд: теъдоди мубталоёни ба коронавирус бо 777 нафар афзоиш ба 19580 нафар расидааст.

Теъдоди ҷон бохтагони мубтало ба ин вируси маргбор низ бо 234 нафар афзоиш ба 2101 нафар расидааст.

“Марк Рут”, нахуст вазири Нидерланд, пеш аз ин дар изҳороте гуфт: ҳамаи мадорис, рестаранҳо ва маконҳои вузаршӣ, ҳадди ақал то 28 апрел таътил хоҳад буд.

Вай аз мардум хост, то ба ҳамаи тадобири иттихоз шуда барои муқобила бо шуюи коронавирус эҳтиром бигузоранд.

Давлати Нидерланд, 15 март дастури таътилии мадорис то 6 апрелро содир карда буд. Мамнуъияти баргузории таҷаммӯъот ва гирдиҳамоиҳо низ ҳафтаи гузашта ташдид ва то моҳи июн тамдид шудааст.

Нахуст вазири Нидерланд афзуд: ҳатто пас аз 28 апрел низ шароит ба ҳолати одӣ бознахоҳад гашт, бинобар ин барои таътилоти моҳи май барнома резӣ накунед.

коронавирусНидерланд
Comments (0)
Add Comment