Интиқоли “Борис Ҷонсон”, нахуст вазири Англис ба бемористон 

 Дафтари нахуст вазири Англис эълом кард, ки "Борис Ҷонсон", нахуст вазири ин кишвар барои озмоишҳои бештар ба бемористон интиқол ёфтааст. 

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Ҷазираи Қатар”, дафтари нахуст вазири Англис эълом кард, ки “Борис Ҷонсон”, барои анҷоми бархе озмоишҳои ношӣ аз ибтилои вай ба коронавирус ба бемористон интиқол ёфтааст.

Хабаргузории “Reuters”, низ дар ин бора гузориш дод Ҷонсон, ки аз аворизи ношӣ аз вируси корона ранҷ мебарад, барои анҷоми озмоиш, имшаб дар бемористон хоҳад монд.

Ҳафтаи гузашта ҷавоби озмоиши ибтилои “Борис Ҷонсон”, ба ⁧ ковиди-19 , мусбат эълом шуд ва вай ҳамчунон дар қарантинаи хонагӣ ба сар мебарад.

Бар асоси эъломи сухангӯи дафтари нахуст вазирӣ, Ҷонсон ҳамчунон “Алоими ибтило ба коронавирус, аз ҷумла таби боло дорад.”

Ба гуфтаи ин сухангӯ, интиқоли Ҷонсон ба бемористон иқдоми пешгирона ва эҳтиётӣ аст, ки ба тавсияи пизишк анҷом шудааст.

АнглисБорис Ҷонсонковиди-19
Comments (0)
Add Comment