Шаш сол муқовимати таърихии Яман

Панҷ сол аз таҷовузи ваҳшиёнаи иътилоф Саудӣ ба Яман мегузарад ва ин ҷанг вориди шашумин соли худ шудааст.

Ҷанге, ки дар пайи он ҳазорон нафар аз мардуми бегуноҳи Яман ба шаҳодат расиданд ва иддаи зиёде низ захмӣ шуданд ва зерсохтҳои ин кишвар осеби бисёре дид.

Аммо суоле, ки пеш меояд ин аст, ки Арабистон дар ҷанг бо Яман ба дунболи чӣ чизе аст ? Оли Сауд пас аз иттиҳод қабоили шиамазҳаб ва созмон ёфтани ҷунбиши Саъда тавассути шиамазҳабон Яман дар устонҳои Саъда ва Оли Имрон бо диққати бештаре ин таҳаввулотро пайгирӣ кардааст. Саудӣ , шиамазҳабони Саъдаи Яманро барои манофеъ ва тафаккуроти худ бисёр пурхатар мебинанд , ба хусус ин, ки онон монеи бузурге барои густариши тафаккуроти ваҳобӣ дар хоки Яман ҳастанд. Илова бар ин, хоки Яман, паноҳгоҳи мутмаини барои мухолифони сиёсати ваҳобигарии режими Оли Сауд ба ҳисоб меравад, ки Арабистон ҳам ба баҳонаи рушди Алқоида дар Яман ҳамвора аз ин масъала баҳрабардорӣ намуда ва нисбат ба таҳаввулоти дохилии Яман вокуниш нишон додааст.

Аз онҷо, ки устонҳои Ҷозон ва Шарқияи Арабистон дар ҳамсоягии марз Яман қарор доранд, боис шуд Арабистон бо тарси сирояти таҳаввулоти дохилии Яман ба Арабистон рӯ ба рӯ шавад ва ҳамин масъала сабаби таҳаррукоти низомии ин кишвар муқобили Яман шуд.

Ҳамин масъала сабаб шуд Арабистон ба таври мустақим вориди амал шаванд в баҳонае биёбанд, ки битавонанд авзои Яманро ба нафъи худ мусодира кунанд. Онҳо ба баҳонаи ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос ба як худрави гаштии марзӣ дар минтақаи Хуба, ки тайи он як сарбоз арабистонӣ кушта ва чандин нафар захмӣ шуданд оғозгари таҷовузи ҳамаҷониба ба кишвари Яман шуданд.

Акнун 5 сол аз он рӯзҳо мегузарад ва таҷовузгарии Арабистон вориди шашумин соли худ шудааст ва ин дар ҳоле аст, ки Арабистон рӯз ба рӯз бештар гирифтор мешавад, гирифторие, ки худаш онро ба вуҷуд овардааст ва дар ҳоли ҳозир ба дунболи роҳи фироре барои берун омадан аз он аст. Чароки мардум ва неруҳои Ансоруллоҳи Яман ба сурати ҳамаҷониба муқовимат карда ва монеи расидани иътилофи Оли Сауд ба аҳдофаш шудааст , ба хусус дар соли панҷуми ин ҷанг, вазнаи қудрат дучори тағйир шуда ва артиш ва кумитаҳои мардумии Яман бо тақвияти қобилияти падофандӣ ва мушакии худ зарбаҳои сангине ба Арабистон ворид карданд.

Аз тарафе бо интишори вируси корона дар ҷаҳон, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба ҳамаи тарафҳои даргири ҷанг ва низоъ дар ҷаҳон пешниҳоди оташбас дода то таваҷҷуҳи ҳама ба мубориза ва аз байн бурдани ин вирус шавад. Пешниҳоде, ки бо истиқболи Саудӣ мувоҷеҳ шудааст то шояд битавонанд ба баҳонаи ин мавзӯъ худро аз ин буҳрон наҷот диҳанд. Чаро, ки авзои ошуфтаи дохилии Арабистон аз як сӯ , ҷанги нафтии Арабистон бо Русия аз сӯи дигар ҳамчунин муқовимати таърихи яманиҳо ва муваффақиятҳояшон дар ин муқобила сабаб шудааст, ки Арабистон ба дунболи роҳи фирор аз ин шароит бошад.

Ансоруллоҳи ЯманАрабистони СаудӣкоронавирусЯман
Comments (0)
Add Comment