Нахуствазири Англис ба вируси корона мубтало шуд

Озмоиши вируси коронои Бурис Ҷонсун, нахуствазири Англис мусбат эълон шуд.

Нахуствазири Англис дар як паёми худ дар Твиттер аз ибтилои худ ба вируси корона хабар дод.

Вай бо интишори як паёми видеоӣ дар Твиттер эълон кард, ки нишонаҳои коронаро дар худ мушоҳида карда ва натиҷаи озмоиши ӯ ҳам мусбат шудааст.

Бурис Ҷонсун гуфт, ки худро дар хонаи қарантина карда ва умури давлатро низ аз ҳамонҷо мудирият мекунад.

Расонаҳои Англис эълон карданд, ки Мат Ҳенкук, вазири беҳдошти давлати Ҷонсун ҳам ба корона мубтало шудааст.

АнглисБурис Ҷонсункорона
Comments (0)
Add Comment