Омори мубталоён ба коронавирус дар Испания аз 57 ҳазор нафар фаротар рафт

Омори мубталоён ба бемории ковиди- 19 дар Испания рӯзи панҷшанба 8271 мавриди дигар афзоиш ёфт то ба 57786 нафар бирасад.

Ба гузориши гурӯҳи байналмилалии хабаргузории “Форс”, омори мубталоён ба коронавируси дар Испания рӯзи панҷшанба 8271 маврид дигар изофа шуд то ба 57786 нафар бирасад.

Бар асоси гузоришҳои расида, 718 нафари дигар низ дар ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд ва омори фавтиҳо дар ин кишвари Аврупоӣ ба 4365 нафар расидааст.

Испания дар ҳоли ҳозир дар радабандии кишварҳо аз назари теъдоди мубталоён ба ковиди – 19 дар радаи чаҳорум аст ва дар теъдоди фавтиҳо пас аз Италия дар ҷойгоҳи дувум қарор дорад.

Аз сӯи дигар аз Фаронса ҳам хабар расидааст, ки 400 сарбози ин кишвар ба коронавирус мубтало шудаанд. Фаронса дар байни кишварҳои ҷаҳон аз назари теъдоди мубталоёни ба коронавирус дар радаи ҳафтум қарор дорад.

Испаниякоронавирус
Comments (0)
Add Comment