Борис Ҷонсон, аз тарси ибтило ба коронавирус, барои худ ҷонишин таъйин кард

Нахуст вазири Англис, аз тарси ибтило ба коронавирус, (бемории ковид-19) ва қарнтина шудан, вазири умури хориҷаро ба унвони ҷонишини муваққати худ таъйин кард.

Ба гузориши рӯзнамаи “Гордиян”, як сухангӯи дафтари нахуст вазири Англис, рӯз душанбе эълом кард, ки “Доминик Роб”, дар сурати ибтилои Ҷонсон ба коронавирус, масъулияти давлатро бар ӯҳда хоҳад гирифт.

Ин мақоми англисӣ ҳамчунин эълом кард, ки дар ростои риояти тавсияҳои беҳдоштӣ ва фосилаи иҷтимоӣ, нишасти рӯзи (се шанбе)-и аъзои давлат, ба сурати видео конфронсӣ баргузор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи сухангӯи дафтари нахуст вазирӣ, мушовири Борис Ҷонсон дар умури “Брегзит”, (хуруҷи Британия аз Иттиҳодияи Аврупо), низ ба далели бурузи алоими ибтило ба коронавирус, худро қарнтина кардааст.

Вай бо ин ҳол ёдовар шуд, ки давраи интиқоли пас аз “Брегзит”, яъне замоне, ки пойбандии Англис ба қавонини иттиҳодияи Аврупо ба таври комил мутаваққиф мешавад, тибқи тавофуқи сурат гирифта дар таърихи 31 декабр 2020, ба поён хоҳад расид.

АнглисБорис ҶонсонБрегзит
Comments (0)
Add Comment