Рустами Эмомалӣ – номзади узвият дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон

Шаҳрдори Душанбе ва фарзанди раисҷумҳури Тоҷикистон номзади узвият дар Маҷлиси миллии ин кишвар шуд.

Ба гузориши сомонаи “Азия плюс”, номзадии вай имрӯз дар шашумин нишасти Шӯрои шаҳри Душанбе барои узвият дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон, бидуни раъйи мухолиф ва бетараф ироа шуд.

Рустами Эмомалӣ аз моҳи апрели соли 2017 ба унвони шаҳрдори пойтахти Тоҷикистон фаъолият мекунад ва дар симати шаҳрдорӣ, Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси кунунии Маҷлиси миллии Тоҷикистонро иваз кардааст.

Бар асоси банди 71-и Қонуни асосии Тоҷикистон, дар сурати истеъфо, бекифоятӣ, ҳолати изтирорӣ ва ё фавти раисҷумҳури ин кишвар, раиси Маҷлиси миллӣ кафили вай то замони баргузории интихоботи ҷадид хоҳад шуд.

Маҷлиси миллии Тоҷикистон 33 узв дорад, ки як севуми аъзои он аз сӯйи раисҷумҳур мансуб мешаванд.

Таъйини аъзои Маҷлиси ҷадиди миллии Тоҷикистон рӯзи 27 март баргузор хоҳад шуд.

Маҷлиси миллӣРустами Эмомалӣ
Comments (0)
Add Comment