Афзоиши табодулоти иқтисодии Қирғизистон бо кишварҳои Узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

Табодулоти иқтисодии Қирғизистон бо кишварҳои Узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё 17 дар сад афзоиш доштааст.

Қирғизистон бо кишварҳои (EAEU) Узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ҳудуди 199 миллион доллар табодилоти тиҷорӣ доштааст, ки ин мизон дар январи имсол 16.5 дар сад афзояиш ёфт.

Бино ба гузориши Эки Порс, кумитаи оморӣ гузориш дод, ки мизони тиҷорати мутақобили Қирғизистон бо кишварҳои “EAEU” дар январи соли 2020 дар маҷмӯъи 199 миллион доллар буд ,ки дар муқоиса бо январи соли гузаштаи мелодӣ 16.5 дар сад афзоиш доштааст.

Афзоиши содироти Қирғизистон ба кишварҳои Узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар соли 2019, 3 дар сад бештар аз соли 2018 буда, ки ин рушди тиҷорӣ ба иллати афзоиши 4 баробари содироти мева ,афзоиши 2 баробари содироти зуруфи плостикӣ , сабзиҷот, нон ва ширинӣ , санги маъданӣ , афзоиши 1.5 баробари филизоти гаронбаҳо , шир ва маҳсулоти лабанӣ ва афзоиш 27 дар сади содироти шиша будааст.

Мизони содирот пӯшоки насоҷӣ 10 баробар , зойиот ва қарозаи мис 6 баробар коҳиш доштааст , кафшҳои чармӣ 3 баробар , алёфи пахта – 29 дар сад , зойиот ва филизоти қароза 16 баробари қатаот ва лавозими ҷонибии мошин 11 дар сад коҳиш доштааст.

Афзоиши воридоти 21 дар сад аз кишварҳои Узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бештар ба далели рушди воридоти филизоти сиёҳ 2 дар сад , равғани наботӣ 1.5 баробар , фаровардаҳои нафтӣ 25дар сад, гази табиӣ 22 дар сад ва маҳсулоти доруӣ 2 дар сад будааст.

АвруОсиёҚирғизистон
Comments (0)
Add Comment