Дидори Лавров бо Ҷиҳоди исломии Фаластин ва хашми шадиди Телавив

Вазорати хориҷаи режими саҳюнистӣ ба дидори вазири хориҷаи Русия бо дабири кулли ҷунбиши Ҷиҳоди исломии Фаластин эътироз кард.

Дидори Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия бо Зиёд Нухола, дабири кулли ҷунбиши муқовимати Ҷиҳоди исломии Фаластин дар Маскав, режими саҳюнистиро хашмгин кард.

Барак Ровед, хабарнигори шабакаи 13 телевизиони режими саҳюнистӣ дар сафҳаи Твиттери худ навишт: “масъулони Исроил ба ман гуфтанд, ки расман ба дидори Лавров бо раҳбари созмони террористии Ҷиҳоди исломӣ эътироз кардаанд.”

Сафорати Русия дар Фаластини ишғолӣ дар сафҳаи Твиттери худ эълон кард, ки Лавров бо Нухола дар Вазорати хориҷаи Русия дар Маскав дидор кардааст. Ин сафорат чанд дақиқа баъд навиштаи худ дар ин бораро ҳазф кард.

Ба гуфтаи Ровед, масъули Вазорати хориҷаи режими саҳюнистӣ, ки хост номаш фош нашавад, тавзеҳ дод, ки сарпарасти муваққати сафорати Телавив дар Маскав имрӯз тайи тамосе бо Мехаил Бугдонов, муовини Лавров, эътирози Исроил ба ин дидорро эълон кард.

Бар асоси баёнияи Вазорати хориҷаи Русия дар дидори Лавров бо Нухола ҳамчунин лузуми тасриъ дар эҳёи ваҳдати миллии Фаластин ба унвони шарти лозим барои шурӯи музокироти мустақим ва пойдор бо Исроил мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин баёния омадааст: “Русия бар пойбандии маҳкам худ ба роҳи ҳалли ташкили ду кишвар ба унвони асли ҳаллу фасли муноқишаи Фаластин ва Исроил, ки дар қавонини байналмилалӣ ба расмият шинохта шуда аз ҷумла қатъномаҳои Шӯрои амният ва Маҷмаи умумии Созмони Милал ва тарҳи сулҳи арабӣ омадааст, таъкид кард.”

Чанде пеш низ ҳайате аз Ҳамос ба риёсати Исмоил Ҳания, раиси дафтари сиёсии ҷунбиши фаластинии Ҳамос ба Маскав сафар кард ва Ҳания дар дидор бо вазири хориҷаи Русия дар Маскав дар бораи масоили Фаластин баҳс ва табодули назар карданд.

 

Режими саҳюнистӣСергей ЛавровФаластинҶиҳоди исломӣ
Comments (0)
Add Comment