Мулоқоти Далер Шарифов бо хонаводааш дар боздоштгоҳи Кумитаи амният

Далер Шарифов, журналисти боздоштшудаи тоҷик дар боздоштгоҳи КДАМ бо хонаводааш дидор кард.

Далер Шарифов, журналисти боздоштшудаи тоҷик рӯзи 6 март дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо аҳли хонаводааш мулоқот кардааст.

Абдуманнон Шарипов гуфт, писараш аз чизе шикоят надорад ва саломатиаш хуб буда, дар боздоштгоҳ асосан ба мутолиаи китоб машғул будааст. Абдуманнон Шарипов гуфт, Далер аз ҷумла 500 мисраъ аз ашъори Мавлавӣ азёд кардааст.

падари Далер Шарифов изҳори умед кардааст: “Умедворем, ки ояндаи наздик озод шуда, ба хона бармегардад”.

Ин журналисти мустақили тоҷик рӯзи 28 январ дастгир шуд. Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, ки ӯ дар беш аз 200 мақолаи солҳои 2013-2019 навиштааш ва ҳамчунин дар китоби “Муҳаммад (с) ва терроризм”, ки соли 2019 чоп шуд, косепсияи ақидатии “Ихвонуулумуслимин”, як созмони мазҳабии дар Тоҷикистон мамнӯъро таблиғ мекард.

Аз аввали сол бо иттиҳоми таблиғи ақидаҳои ихвонӣ дар Тоҷикистон беш аз 100 нафар дастгир шуданд.

Созмонҳои ҳомии озодии матбуот боздошти Далер Шарифовро ҳамчун ҳамлаи нав ба озодии матбуот дар Тоҷикистон маҳкум карда, аз мақомоти ин кишвар озодии беқайдушарти ӯро талаб доранд.

 

Далер ШарифовКумитаи давлатии амнияти миллӣТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment