14 низомии англисӣ тайи ду моҳ худкушӣ карданд

Як рӯзномаи англисӣ гузориш кард, ки 14 тан аз низомиёни собиқи Англис, ки дар ҷанги Афғонистон ҳузур доштаанд, зарфи ду моҳ худкушӣ кардаанд.

Ба гузориши рӯзномаи англисии “Таймз”, 14 тан аз низомиёни собиқи Англис, ки дар ҷанги Афғонистон ҳузур доштаанд, зарфи ду моҳи гузашта худкушӣ кардаанд.

“Ҷонни Мерсер”, намояндаи парлумони Биритониё дар гуфтугӯ бо рӯзномаи Таймз тасреҳ кард, ки марги гурӯҳи «яки ягони хос, ки тайи як давраи хос, ки хунинтарин давра дар Афғонистон буда, хидмат мекардаанд, мӯҷиби нигаронии вай шудааст.

Мерсер, ки собиқан ба унвони вазири дифои Биритониё фаъолият доштааст, тасреҳ кард, ки ин низомиён дар амалиёти “Ҳер як”, исми рамз барои куллияи амалиётҳои Англис тайи солҳои 2002 то 2014 дар Афғонистон, хидмат мекардаанд.

Тибқи ин гузориш, то поёни соли 2014, 453 низомии англисӣ дар ҳини амалиёти “Ҳер як”, кушта шуданд ва онтур, ки вазорати дифои Англис гузориш кардааст, аз феврали 2018 ба баъд, 29 маврид марг бар асари худкушӣ ё машкук ба худкушӣ дар миёни низомиёни англисӣ, ки пештар ба амалиёти “Ҳер як”, эъзом шуда буданд, таъйид шудааст.

Тибқи ин гузориш, вазорати дифои Англис эълом кардааст, ки Мерсер ба сурати мустақил ва шахсӣ ин мусоҳибаро анҷом додааст.

АнглисАфғонистонхудкушӣ
Comments (0)
Add Comment