Ин Ховари Миёнаи хунин!

Чанд даҳа аст, ки мусулмонон барои озодии сарзаминҳои исломӣ, барои озодии Байтулмуқаддас ва кам кардани шарри ишғолгарони саҳюнист аз сари минтақа ба по мехезанд ва ҳаракат мекунанд.

Аммо ҳанӯз ба душмани саҳюнистӣ нарасида ба ин натиҷа мерасанд, ки барои нобудии ин душмани ғаддор бояд бародарони хиёнаткорро аз миён бардошт ва ҷанги дигар миёни бародарон дар мегирад.

  1. Ховари Миёна ҷое нест, ки шинохти он осон бошад. Ҷойгоҳи муҳимми Ховари Миёна дар таҳаввулоти байналмилалӣ ин шинохтро зарурӣ сохтааст. Аз ин рӯ ховармиёнашиносӣ ё мутолиоти Ховари Миёна ба ҳавзае бо аҳамият аз дониши мутолиоти байналмилалӣ табдил шудааст ва ховармиёнашиносони бисёре ба майдон омадаанд то таъриф ва тавсифи саҳеҳе аз Ховари Миёна ба даст диҳанд.
  2. Таҳаввулоти чанд рӯзи ахири Ховари Миёна ва даргириҳои минтақаи Идлиб Сурия, ки билофосила ба садри ахбори ҷаҳонӣ роҳ ёфт, фурсати ҷадиде барои таърифи Ховари Миёна фароҳам кардааст. Дар ин таҳаввулот дар як сӯи ҷабҳаи набард дар як рӯз (панҷшнбеи гузашта) даҳҳо сарбози турк кушта шуданд ва дар фардои он (ҷумъа) 10 размандаи Ҳизбуллоҳи Лубнон дар сӯи дигари ҷабҳа ба хок афтоданд.
  3. Талафоти сангини туркҳо дар даргириҳои рӯзи панҷшнба дар ин сӯи майдон ба унвони шикасти бузурги туркҳо ва дарси омӯхтанӣ ба онҳо ва пирӯзии дигаре аз силсила пирӯзиҳои муқовимат таъбир шуд. Пас аз талафоти болои размандагони Ҳизбуллоҳ дар даргириҳои рӯзи ҷумъа он сӯи майдон низ фазои мушобеҳ хоҳад дошт ва ин талафот нишонаи азамат ва қудрати зафарманди исломӣ талаққӣ хоҳад шуд. Аммо эҳтимолаш баид аст хаткашиҳои хунини Ховари Миёна имрӯз иҷоза диҳад миллатҳои минтақа битавонанд ин ду сӯи майдонро бо равшанӣ лозим бубинад.
  4. Агар нозири бетарафе аз роҳ мерасид ва низорагари ин таҳаввулоти хунини Ховари Миёна буд, чӣ медид? Ҷамоате аз мусулмонони андӯҳгин ва хашмгинро медид, ки бар ҷанозаи сарбозони турк намоз мехонанд ва фарёди “ло илоҳа иллаллоҳ” сар медиҳанд. Хонаводаҳои доғдореро медид, ки бо оҳу нола барои фарзандони худ фотиҳа ва Қуръон мехонанд. Ҳамсареро медид, ки дар пӯшиши исломӣ худро ба гӯри шавҳараш афкандааст ва модари пир ва дарҳам шикастаеро медид, ки бо рӯймол ашкҳои худро пок мекунад. Ин саҳнае аст, ки дақиқан дар сӯи дигари майдон қобили мушоҳида аст: модарон ва ҳамсарони лубнонӣ бо он пӯшиши зебои исломӣ бар сари гӯри фарзандон ва ҳамсарони худ тафовути чандоне бо модарон ва ҳамсарони турк надоранд. Боз намоз, боз дӯстии ашку рӯймол ва боз фотиҳа ва Қуръон фазои азоро пур кардааст.
  5. Агар ин нозири бетараф қодир буд роҳе ба сӯи ҳақиқатҳои нодиданитар боз кунад, метавонист калимаи шаҳодати сарбозони турк ва размандагони Ҳизбуллоҳро дар охирин дақиқаҳо ё лаҳзаҳои умри кӯтоҳ сабт кунад, метавонист бубинад чигуна онҳо дар охирин лаҳзаҳо худои худро ёд мекунанд ва метавонист қалби пур аз ишқи онҳо ба пирӯзии ислом ва мусулмонон (дар ҷаҳон)-ро ба низора бинишинад. Метавонист ишқи ҳар ду даста ба озодии Қудс ва сарзаминҳои исломиро эҳсос кунад ва бубинад чигуна қалби сарбози турк ва размандаи лубнонӣ – пеш аз онки аз тапиш боз истад – барои набард бо ишғолгарони Масҷидулақсӣ метапидааст.
  6. Мутаассифона ин саҳнаи асафнок ва дарднок маҳдуд ба рӯзҳои ахир ва ҷуғрофияии маҳдуди Идлиб нест. Солҳо ва балки чанд даҳа аст, ки тамоми ҷуғрофияи Ховари Миёна даргири чунин даргириҳое аст. Гӯё таърихи Ховари Миёна муосир дар ин даври нофарҷом ва маргбор гир кардааст. Аз ҷанге ба ҷанги дигар ва аз майдоне ба майдони дигар, ин размандагон мусулмон ҳастанд, ки бо парчами ислом ва ишқ ба пирӯзии мусулмонон ба ҷони ҳам афтодаанд. Инак чанд даҳа аст, ки мусулмонон барои озодии сарзаминҳои исломӣ, барои озодии Байтулмуқаддас ва кам кардани шарри ишғолгарони саҳюнист аз сари минтақа ба по мехезанд ва ҳаракат мекунанд. Аммо ҳануз ба душмани саҳюнистӣ нарасида ба ин натиҷа мерасанд, ки барои нобудии ин душмани ғаддор бояд бародарони хиёнаткорро аз миён бардошт ва ҷанги дигар миёни бародарон дар мегирад ва ҳаракате, ки қарор буд оҳанги марги ишғолгарони қудсро ба садо даровард, паёмовари марги бародарон мешавад ва ин шояд танҳо вазъияте бошад, ки ба ишғолгари исроилӣ иҷоза медиҳад дар Ховари Миёна, ин дарёи бекарони душманони Исроил, зинда бимонад.
БайтулмуқаддасИдлибИсроилСурияТуркияХовари Миёна
Comments (0)
Add Comment