Охирин рӯйдодҳои Сурия

Ташдиди даргириҳо дар Идлиб Сурия бо кушта ва захмӣ шудани даҳҳо низомии Туркия, ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ ба ҷануби ғарби Сурия ва захмӣ шудани се сарбози сурӣ ва шиллики ду мушак аз Туркия ба самти шаҳри Лозиқия аз охирин таҳаввулоти Сурия аст.

Бар асари ҳамлаи ҳавоӣ ба корвони артиши Туркия дар ҷануби Идлиб, даҳҳо неруи артиши Туркия кушта ва захмӣ шуданд ва 4 болгарди артиши Туркия барои интиқоли кушташудагон ва маҷрӯҳон вориди хоки Сурия шуд.

Манобеи низомӣ эълон карданд, ки ин корвони артиши Туркия омодаи ҳамла алайҳи мавозеи неруҳои артиши Сурия буд, ки ҳадафи ҳамлаи сахте қарор гирифт, ба тавре, ки бар асоси эълони бархе манобеи хабаре, 35 низомӣ бар асари ин ҳамла кушта шуданд.

Дидабон ҳуқуқи башар вобаста ба муоризони сурӣ низ эълон кард, ки ҳадди ақал 37 сарбози Туркия кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд, ин дар ҳоле аст, ки мақомоти турк кушта шудани 29 сарбозро бар асари ҳамлаи неруҳои Сурия дар Идлиб таъйид кардаанд.

Ҳамчунин, корбарони фазои маҷозӣ бо интишори филме муддаӣ шуданд, Туркия баъд аз кушта шудани шуморе аз низомиёни худ дар Идлиб марзи худашро ба рӯи муҳоҷирони сурӣ боз карда ва ба онҳо иҷоза дода роҳии Аврупо шаванд.

 Шиллики 2 мушак аз Туркия ба Сурия

Ҳамчунин, манобеи хабарӣ аз шиллики ду мушак аз Туркия ба самти шаҳри Лозиқия, воқеъ дар шимоли ғарби Сурия хабар доданд.

Бар асоси гузоришҳо, артиши Туркия бомдоди ҷумъа ду фарванд мушакро аз заминҳои худ ба самти Лозиқия, воқеъ дар шимоли ғарби Сурия шиллик кард.

Ҳамзамон, манобеи маҳаллии Сурия гузориш доданд, ки садои ду инфиҷор дар атрофи Лозиқия шунида шудааст.

Ҳануз гузорише дар бораи талафоти эҳтимолӣ ноши аз шиллики ин мушакҳо гузориш нашудааст.

Ин ҳамалоти мушакӣ пас аз интишори баёнияи артиши Туркия дар бораи кушта шудани теъдоде аз неруҳои он дар як ҳамлаи ҳавоӣ дар ҷануби Идлиб сурат гирифт.

Идомаи пешравии неруҳои артиши Сурия дар амалиёти поксозии Идлиб дар ҳоле аст, ки Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисҷумҳури Туркия ошкоро таҳдид ба густариши амалиёти низомии нируҳои худ дар ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ ба саркардагии Ҷабҳатуннусра дар Идлиб кардааст.

 Ҳамлаи Исроил ба ҷануби ғарби Сурия

Хабаргузории расмии Сурия (Соно) низ аз захмӣ шудани се неруи артиш дар натиҷаи ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ ба ҷануби ғарби ин кишвар хабар дод.

Хабарнигори ин расонаи сурӣ дар устони марзии Қунайтара дар ҷануби ғарби ин кишвар бомдоди имрӯз (ҷумъа) гузориш дод, ки болгардҳои режими саҳюнистӣ аз осмон баландиҳои ишғолии Ҷавлон, мавозеи артиши Сурияро бо мушак ҳадаф қарор доданд.

Хабарнигори Соно зимни эъломи ин, ки ҳамлаи мушакии режими саҳюнистӣ мавозеи артиши Сурия дар шаҳри Қунайтара ва манотиқи Қаҳтония» ва Ҳурия дар ин устонро ҳадаф қарор дода, таъкид кард, ки дар натиҷаи он се неруи артиш дучори ҷароҳат шуданд.

ИдлибСурияТуркия
Comments (0)
Add Comment