Кушта шудани 34 низомии Туркия дар Идлиб

Фармондори устони Ҳотои Туркия аз кушта шудани 33 нафар дар ҳамлаи ҳавоии артиши Сурия ба Идлиб хабар дод.

Идомаи пешравии неруҳои артиши Сурия дар амалиёти поксозии Идлиб дар ҳоле аст, ки Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисҷумҳури Туркия ошкоро таҳдид ба густариши амалиёти низомии неруҳои худ дар ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ ба саркардагии Ҷабҳатуннусра дар Идлиб ва ҳавмаи он кардааст.

Теъдоди талафоти неруҳои артиши Туркия дар ҳамлаи ҳавоии панҷшанбешаби артиши Сурия ба Идлиб, воқеъ дар шимоли ин кишвар, ба 33 нафар афзоиш ёфтааст.

Дар ҳамин бора, фармондори устони Ҳотой гуфт: 33 нафар аз неруҳои артиши Туркия дар ҳамлаи ҳавоии Сурия ба Идлиб кушта шуданд ва дар ҳоли ҳозир беш аз 30 нафар аз сарбозони артиши Туркия захмӣ ва дар бемористонҳо таҳти дармон ҳастанд.

Ин дар ҳоле аст, ки артиши Туркия дар омори авалия марбут ба теъдоди талафоти неруҳои туркия‎ӣ дар Идлиб, ин теъдодро 9 нафар эълон карда буд.

Манобеи бемористонии Туркия гузориш доданд, ки вазъияти ҷисмонии бархе аз неруҳои артиши ин кишвар вахим аст ва эҳтимоли афзоиши теъдоди талафот вуҷуд дорад.

ИдлибТуркияҶабҳатуннусра
Comments (0)
Add Comment