Таҷлили раисҷумҳур аз нақши қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар суботу сулҳи ин кишвар

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, номи неку корномаҳои ватандӯстонаи қувваҳои мусаллаҳи кишварашонро ҳаргиз фаромӯш намекунанд.

Ба нақл аз Дафтари матбуотии раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар Кохи Борбад дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори 27 – солагии таъсисёбии қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон афзуд, қувваҳои мусаллаҳ, аз имтиҳону озмоишҳои сахту сангин гузаштану ба як сохтори муташаккилу боэътимод ва нерӯи пурқудрати ҳимоятгари давлат ва халқи Тоҷикистон табдил ёфтаанд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, қувваҳои мусаллаҳ дар солҳои душвори муқовимати мусаллаҳонаи дохилӣ ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ қарзи фарзандии худро дар назди ватан ва халқи Тоҷикистон содиқона иҷро карда, дар роҳи ба эътидол овардани вазъият, яъне қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмини сулҳу субот ва мубориза бар зидди гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ саҳми басо арзишманд гузоштанд.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки бо талошу ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси ватан сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардида, заминаи мусоиди сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва фароҳам овардани шароит барои рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт гузошта шуд.

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард, мо на танҳо дар рӯзҳои ҷашн, балки ҳамеша хотираи ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми ватан ва ҳифзи зиндагии орому осудаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, пос медорем.

P.V: Дар ҳамчин рӯзе ба ҳамагон маълум аст, ки бояд ба муносибати ин рӯз аз сарбозони далеру шуҷоъ тақдиру тамҷид шавад ва раисҷумҳур гуфтанд, ки дар солҳои даргирӣ ва ҷанги дохилӣ сарбозон ба вазифҷаи модарии худ амал кардаанд. Ҳама медонем, ки бад аз истиқлолияти кишвар рӯз ба рӯз шароит барои сарбозон ва касоне, ки қасди хидмат ба ватанро доранд сахтару душваортар гашт то ҷое, ки имрӯз мо тавони муҳофизат аз марзҳои худро надорем ва садҳо ҳазор рус аз марзҳои ин кишвар нигаҳбонӣ мекунанд. Ба унвони мисол таҳқири сарбозони тоҷикро дар даргирии Ворух дидем, ки ҳатто вазорати дивоъ ва дигар ниҳодҳо натавонистанд аз ҳуқуқӣ ин сарбозон дифоъ кунанд ва қиғизҳо ба шиддат ба сарбозони мо тавҳин намуданд. Ба назар мерасад вазорати дифоъ ва диагр ниҳодҳо сарбозони ин миллатро тарсу бороварданд ва ин сарбозон муҳофизакор шуда ҳатто дар вазифае, ки дорад наметонанд бо ҷуръат он вазифаи худро ки нигоҳдорӣ аз ин сарзаму миллат аст анҷом диҳанд, ки мабодо кори онҳо хато ва мавриди сарзаниш ва ҳатто ҳабс қарор гиранд.

Кохи БорбадҚувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment