Ҷанҷоли лафзии Сурия ва Туркия дар нишасти Шӯрои амният

Намояндагони Сурия ва Туркия дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар суханони тунд, ба якдигар тохтанд.

Бо поёни суханони Лево Фалуҳ, намояндаи Сурия дар ин нишаст, ки дар он интиқодоти тундеро мутаваҷҷеҳи сиёсатҳои Туркия кард, Фаридун Синирли Уғлу, намояндаи Туркия дар суханони кӯтоҳ ба намояндаи Сурия тохт ва ӯро намояндаи низоми золим ва одамкуш тавсиф кард(! ).

Фаридун Синирли Уғлу, намояндаи доими Туркия дар Созмони Милал дар суханрони худ таъкид кард, ки неруҳои кишвараш аз Идлиб ақабнишинӣ намекунанд ва ба ҳаргуна таҳдиде посух хоҳанд дод.

Вай афзуд: Туркия то охири феврали ҷорӣ барои ақабнишинии неруҳои сурӣ аз манотиқе, ки ахиран дар минтақаи коҳиши таниши Идлиб ба тасарруфи худ даровардаанд, мӯҳлат додааст.

Намояндаи доими Туркия дар Созмони Милали Муттаҳид дар суханони худ гуфт: “бори дигар таъкид мекунам, онки пеш аз ман сухан гуфт (намояндаи Сурия) намояндаи мардуми Сурия нест, ӯ намояндаи як низоми одамкуш аст, ки ҷангеро алайҳи миллаташ оғоз кардааст ва сазовор нест чунин афроде бар сари курсии Сурия дар ин Шӯро бинишинанд. Инки онон ҳанӯз пушти номи Сурия дар инҷо менишинанд ба хотири мушкили сиёсӣ аст, аммо вуҷуди ин мушкил сабаб намешавад то ононро намояндаи мардуми Сурия бидонем.”

Дар идома Лево Фалуҳ, намояндаи Сурия дар мақоми посух баромад ва гуфт: “фақат мехоҳам бигӯям, ки ҳайати ҷумҳурии арабии Сурия машрӯъияташро аз низоми террорист, одамкуш, табаҳкор ва мутаҷовиз намегирад.”

Намояндаи Туркия низ пас аз иҷоза аз раиси ҷаласа, посух дод: “ба ин нукта басанда мекунам, ки суханрони қаблии (намояндаи Сурия) аз ҳузураш дар ин ҷо сӯиистифода мекунад то суханпароканӣ кунад ва таваҳҳумотеро, ки на сол дар Шӯрои амният баён мекунад такрор намояд, ман ҳаргиз ба чунин таваҳҳумоте посух нахоҳам дод.”

Рӯзи чаҳоршанбе Шӯрои амният нишастеро бо меҳварияти мавзӯи Идлиб баргузор кард, ки дар он намояндаи Созмони Милал дар умур Сурия, бидуни маҳкум кардани Туркия ба далели таҷовуз ба арозии Сурия, хостори таваққуфи таниш дар Идлиб шуд.

Неруҳои Сурия тайи ҳафтаи ахир тавонистанд зимни шикасти аносири террористии боқимонда дар Идлиб, тамомияти арзии кишварашонро ҳифз кунанд. Туркия, ки аз пешравии артиши Сурия хашмгин шуда, зимни таҳдиди Сурия эълон карда, ки ба зудӣ амалиётеро дар Идлиб барои ақаб рондани неруҳои сурӣ тартиб хоҳад дод.

Намояндаи Туркия бидуни ишора ба таҷовузҳои кишвараш дар Сурия нисбат ба “фоҷеаи инсонӣ” дар Идлиб ҳушдор дод ва гуфт, ҳудуди як миллион ғайринизомӣ тайи ду моҳи ахир ба далели ҳамлаҳои низомии Сурия аз манотиқи худ кӯч кардаанд.

Намояндагони Амрико, Англис ва Олмон низ тайи ин ҷаласа аз низоми Сурия хостанд ҳамлаҳояш ба истгоҳҳои дидабонии Туркия дар Идлибро мутаваққиф кунад.

Сафири Белгия ҳам муддаӣ шуд, ки Шӯрои амният натавонист чизе дар бораи Идлиб содир кунад.

Пеш аз ҷаласаи Шӯрои амният, раиси давраии ин шӯро ба хабарнигорон гуфт, вазъияти Идлиб хатарнок аст ва бояд оташбас дар минтақа барқарор шавад.

 

ИдлибСозмони Милали МуттаҳидСурияТуркияШӯрои амният
Comments (0)
Add Comment