Лавров: Пирӯзии Асад ҳатмӣ аст

Вазири корҳои хориҷаи Русия эълон кард, пирӯзии Башор Асад дар устони Идлиб "ҳатмӣ" аст.

Сергей Лавров изҳор дошт: гурӯҳи ҳайати Таҳрирушшом (Ҷабҳатуннусра), бахши умдае аз минтақаи амниятии Идлибро дар контрол дорад ва мушкил ҳамин аст.

Вай бо баёни инки пирӯзӣ бар гурӯҳҳои террористӣ дар Идлиб “иҷтинобнопазир” аст, афзуд, Идлиб “яке аз охирин марокизи нашву намои терроризм” дар Сурия аст.

Лавров бо баёни инки фарқ донистан миёни муоризони оддӣ ва террористҳо дар Идлиб душвор аст, хотирнишон кард, террористҳо талош мекунанд аз ғайринизомиён ба унвони сипари инсонӣ истифода кунанд.

Лавров тасреҳ кард: пирӯзӣ бар терроризм амри ҳатмӣ ва в қатъӣ аст ва Амрико нобудии ДИИШ-ро эълон карда, аммо ин ваҳшиҳо бозгаштаанд.

Вазири хориҷаи Русия дар Мюнхен, ҷое, ки бо ҳамтои туркияии худ мулоқот дошт, гуфт: мо бо Анқара равобити хеле хубе дорем аммо ин ба он маъно нест, ки дар ҳама чиз иттифоқи назар дорем.

Сергей Лавров дар идома танишҳо байни кишвараш бо иътилофи НАТО-ро ба танишҳои замони ҷанги сард ташбеҳ кард.

Вай изҳор кард, танишҳои физоянда ва густариши доираи зерсохтҳои низомии НАТО дар шарқ ва сатҳи бесобиқаи омӯзишҳо ва мановрҳои низомӣ дар марзҳои Русия ва афзоиши маблағҳои будҷаҳои низомӣ, ҳама сабаби вазъияти ғайриқобили пешбинӣ шудааст.

Вазири хориҷаи Русия афзуд: дар ҳақиқат сохтори рӯёрӯии ҷанги сард дар ҳоли эҳё шудан аст.

Лавров ҳамчунин аз таҳаввулоти ваҳшиёна ва ғайриинсонӣ дар равобити байналмилал шикоят кард, ки бар фазои ҳамзистӣ барои миллатҳо таъсир мегузорад.

ДИИШИдлибНАТОРусия
Comments (0)
Add Comment