Ҳамлаи ҳавоӣ дар шарқи Афғонистон ҷони 11 ғайринизомиро гирифт

Ҳамлаи ҳавоӣ ба як мошин дар вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон дасти кам ҷони 11 ғайринизомиро гирифт.

Ба гузориши дафтари минтақаӣ хабаргузории “Тасним”, манобеи маҳаллӣ дар вилояти “Нангарҳор” эълом карданд, ки дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ ба як мошин дар шаҳристони “Сурхдарё”-и, ин вилоят 11 ғайринизомӣ кушта шуданд.

“Аймал Ниёзӣ”, фармондеҳи пулиси вилояти Нангарҳор гуфтааст, ки ҷузъиёти бештаре дар даст нест ва ҳувияти ин ғайринизомён низ мушаххас нашудааст.

“Аҷмал Умар”, яке аз аъзои шӯрои вилояти Нангарҳор низ гуфтааст, ки шумори ғайринизомёни кушта шуда дар ҳамлаи ҳавоӣ асри ҷумъа 11 нафар ҳастанд.

Вай афзуд: рӯзҳои ҷумъа дар шаҳристони “Хугёнии” вилояти Нангарҳор ҷашнҳои маҳаллӣ баргузор мешавад ва бисёре аз мардум аз шаҳристонҳои наздик дар он ширкат мекунанд.

Ҳанӯз нерӯҳои афғон ва хориҷӣ масъулиятӣ ин ҳамлаӣ ҳавоииро ба ӯҳда нагирифтаанд, аммо ҳамалоти ҳавоӣ Амрико яке аз муҳиммтарин омилҳои куштори ғайринизомён дар Афғонистон аст.

Комиссияи ҳуқуқи башари Афғонистон ҳафтаи гузашта бо ишора ба ҳамалоти ахири ҳавоӣ дар вилояти “Бодғис” ва “Фароҳ”, дар ғарби ин кишвар, ки бар асоси гузоришҳо тавассути нерӯҳои Амрикоӣ сурат гирифтаастро, “мисдоқи ҷинояти ҷангӣ” донист.

Ин ниҳод ҳамчунин аз тарафҳои даргири ҷанг дар Афғонистон хост то барои ҳифозат аз ҷон, мол, ҳуқуқ ва манофеи шаҳрвандони ғайринизомии кишвар, бо ҷидияти тамом кор ва талош кунанд.

Комиссияи ҳуқуқи башари Афғонистон пештар низ гузориш дода буд, ки дар моҳи гузаштаи мелодӣ бар асари ҳамалоти ҳавоӣ 26 ғайринизомии афғон кушта ва 24 тани дигар низ захмӣ шуданд.

Ин ниҳод, шумори талафоти ғайринизомён дар соли гузаштаи мелодиро низ ду ҳазору 817 кушта ва 7 ҳазору 955 захмӣ унвон кард.

АфғонистонҲамлаи ҳавоӣ
Comments (0)
Add Comment