Ҳамлаи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба ҷануби Навори Ғазза

Ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ, бомдоди панҷшанбе манотиқе дар ҷануби Навори Ғаззаро бомбаборон карданд.

Ба гузориши шабакаи хабарии “Ал-маёдин”, ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ чандин бор ба атрофи минтақаи “Ал-Матоҳин”, дар шимоли Хон Юнус, ҷануби Навори Ғаззаро бомбаборон карданд.

Ҳамчунин шабакаи хабарии “Ал-арабия” низ хабар дод, ки ҷангандҳои режими саҳюнистӣ бо ду мушак, як замини зироӣ дар шарқи “Дайрул Балаҳ”, дар маркази навори Ғаззаро бомбаборон карданд.

Ҳамлаи ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ ба Хон Юнус, дар ҳоле анҷом мешавад, ки аз субҳи рӯзи чаҳоршанбе садҳо нафар аз аҳолии Хон Юнус, дар ҷануби Навори Ғазза даст ба тазоҳурот алайҳи муомилаи қарн заданд.

Мӯътаризон чархҳои мошинҳоро оташ заданд, парчамҳои Фаластинро барафроштанд ва бо дар даст доштани пилокордҳое тарҳи Трампро маҳкум карданд.

Аз сӯи дигар мӯътаризони Фаластинӣ дар манотиқи шарқи Хон Юнус, ба вижа шарқи “Хазоа”, худро ба ҳисори марзи бо Фаластини ишғолӣ расонда ва алайҳи тарҳи созиши таҳмилии Амрико шиор доданд ва онро ба шиддат маҳкум карданд.

Навори ҒаззаРежими саҳюнистӣХон Юнус
Comments (0)
Add Comment