Тазоҳуроти миллионии Ироқиҳо дар Бағдод дар маҳкумияти ишғолгари низомии Амрико

Тазоҳуроти "Ҷумъаи миллионӣ"-и мардуми Ироқ дар мухолифат бо ҳузури неруҳои амрикоӣ дар Бағдод аз субҳи имрӯз оғоз шуда ва ҳамчунон идома дорад, шуморе аз тазоҳуроткунандагон "кафанпӯш" ҳастанд ва ҳамаи мардуми Ироқ таъкид мекунанд, ки бояд ишғолгарон ронда шаванд.

Ин тазоҳурот қарор аст дар минтақаи “Ҷодирия” дар маркази шаҳри Бағдод баргузор шавад.
Мардуми Ироқ яксадо хоҳони хурӯҷи неруҳои ишғолгари америкоӣ аз кишварашон ҳастанд.
‎Тазоҳуроткунандагон шиори “Барра барра Амрико” (Америка берун бирав) медиҳанд.
‎Аз нукоти қобили диққати дар ин роҳпаймоӣ ин аст, ки тазоҳуроткунандагон кафанпӯшон ба таври густарда парчамҳои Ироқро дар даст доранд.
Дар ҳамин ҳол, хабарнигори шабакаи ал-Маёдин аз ҳаракати тазоҳуроткунандагон ба самти майдони ал-Таҳрир дар маркази шаҳри Бағдод хабар дод. Хабарнигори ин шабака гузориш дод, ки тазоҳуроткунандагон “кафанпӯш” ҳастанд ва парчамҳои Ироқро дар дастони худ доранд. Бар асоси ин гузориш, ҳаводорони гурӯҳҳои муқовимат ва ашоир бо дар даст доштани парчамҳои хосси худ дар тазоҳурот ширкат кардаанд.
Ал-Маёдин гузориш дод, ки паёми тазоҳурот ин аст, ки гурӯҳҳои муқовимат пойгоҳи густардаи мардумӣ доранд ва барои иҷрои қонуни берун рондани амрикоиҳо фишор хоҳанд овард. ал-Маёдин таъкид кард: Тазоҳуроти имрӯз аввалин тазоҳуроти мардумӣ дар навъи худ бо ин ҳузури густардаи ҷамъият барои маҳкум кардани ҳузури бегонагон дар Ироқ ва лузуми хурӯҷи онҳо аз ин кишвар аст.
Шабакаи ал-Олам гузориш дод, ки мардум аз шаҳри Басра ва вилоятҳои ҷанубии Ироқ барои ширкат дар тазоҳуроти миллионӣ ба Бағдод омадаанд.
Шабакаи ал-Манори Лубнон низ гузориш дод, ки ироқиҳо аз манотиқ ва тавоифи мухталиф барои мушорикат дар тазоҳуроти миллионии берун рондаи неруҳои амрикоӣ раҳсипори Бағдод шудаанд.
Ин тазоҳурот таҳти тадобири шадиди амниятӣ баргузор мешавад ва бархе хиёбонҳои шаҳри Бағдод ҳамзамон бо баргузории тазоҳуроти миллионӣ барои таъмини амнияти тазоҳуроткунандагон баста шудааст.‎
Шабакаи моҳвораии ал-Аҳди Ироқ гузориш дод бузургони ашоир, уламо, солхӯрдагон низ дар тазоҳуроти миллионии маҳкумияти ҳузури ишғолгарони амрикоӣ ширкат кардаанд.
Шабакаи ал-Ҷазира мустақим ин тазоҳуротро ба сурати зинда пахш мекунад, аммо шабакаҳои ал-Арабия ва ал-Ҳадаси Саудӣ ва Иской нюзи арабии Аморот алоқае ба инъикоси ин рӯйдоди бисёр муҳим надоранд.
Дар тасовире, ки шабакаи ал-Ҷазира мустақим пахш мекунад, ширкаткунандагон дар ин тазоҳуроти миллионӣ, парчами Амрикоро ба оташ кашиданд.
Бар асоси гузориши шабакаи моҳвораии ал-Аҳди Ироқ, “Наам-наам лиссиёдат (Оре ба ҳокимияти миллати Ироқ), Наам-наам лил-Ироқ (Ироқ оре) ва Калло-каоло лилмҳутал (Ишғолгар, ҳаргиз) аз ҷумла шиорҳои шаҳрвандони ироқӣ дар роҳпаймоии миллионии имрӯз аст
Дар ҳоли ҳозир шуморе аз ширкаткунандагон дар тазоҳурот дар гуфтугӯ бо хабарнигори шабака ал-Аҳд таъкид мекунанд, ки хостаи аслии мо рондани низомиён ишғолгар аз Ироқ аст. Мушорикати имрӯзи мо паёми равшане ба Амрико барои берун кардани низомиёнаш аз Ироқ аст.
Шаҳрвандони ироқӣ таъкид мекунанд: Ҳаргиз аз хостаи аввал ва охири худ яъне берун рондани низомиёни ишғолгар аз кишварамон кӯтоҳ нахоҳем омад.
Муқтадо Садр рӯзи сешанбе 14 январ тайи фарохоне аз мардуми Ироқ барои ширкат дар тазоҳуроти миллионии якпорча дар маҳкумияти ҳузури низомиёни амрикоӣ ва таҷовузоти доимии онҳо даъват кард.
Ин дархост бо вокуниши мусбат ва ҳимояти сареи гурӯҳҳои муқовимат ва ҷараёнҳои сиёсии намояндаи аксарияти миллати Ироқ рӯбарӯ шуд.
Дар пайи иқдоми Амрико дар ба шаҳодат расондани сардор Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи Неруи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ва Абӯмаҳдӣ Муҳандис муовини раиси Ҳашдушшаъбии Ироқ, парлумони Ироқ берун рондани неруҳои амрикоӣ аз ин кишварро тасвиб кард.

Абумаҳдӣ МуҳандисАмрикоИроқЛубнонМуқтадо Садрсардор Қосим СулаймонӣТазоҳуротЭрон
Comments (0)
Add Comment