Шарҳи вазири молияи Тоҷикистон аз 581 миллион сомонӣ қарзи андоз

Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ба Эмомалӣ Раҳмон аз даромади буҷаи давлатӣ дар соли 2019 ҳисобот дода, 581 миллион сомонӣ бақияи қарзи андозро шарҳ додааст.

Бино бар ҳисоботи Қаҳҳорзода, бақияи карзи андоз ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ 581 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2019 — 144 млн. сомонӣ кам гардид.

Зимни ҳисоботи вазири молия дар маҷлиси васеи ҳукумат таъкид гардид, ки соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ таъмин нагардида, воридоти маблағҳо 23,2 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи пешбинишуда 79,5 млн. сомонӣ кам мебошад.

Аз ҳисоби даромадҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ тавассути Кумитаи андоз 11 млрд. сомонӣ ва аз ҳисоби воридоти пардохтҳои гумрукӣ бошад 5,5 млрд. сомонӣ ворид гардид, ки мутаносибан ба 95,1 ва 107,1 фоизи нақша баробар аст.

Ба қисми даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз ҳисоби андози иҷтимоӣ 122 млн.сомонӣ кам маблағ ворид гардид.

Ҳамчунин, сифати қисми даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби 3 намуди андоз, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда таъмин карда нашуд.

Вай тавзеҳ додааст: “Дар натиҷаи пурра ва дуруст ба инобат гирифта нашудани имкониятҳо ва иқтидорҳои мавҷуда, махсусан дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани низоми банақшагирӣ ва буҷетикунонӣ 9 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ уҳдадориҳои андозии худро дар назди буҷет таъмин карда натавонистанд.”

Ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ бақияи карзи андоз 581 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2019 — 144 млн. сомонӣ кам гардид.

Эмомалӣ Раҳмон доир ба масъалаи иҷро нагардидани 3 намуди андоз ва аз ин ҳисоб ба буҷет ворид нагардидани 852 миллион сомонӣ андешидани тадбирҳои таъхирнопазирро аз ҷониби ҳукумати кишвар таъкид кард.

Кумитаи андозҚаҳҳорзодаТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment