Сафири ҷосус Эронро тарк кард

Сафири Англис дар Теҳрон бо иттилои қаблӣ ва тибқии қонун аз Эрон хориҷ шудааст.

Сафири Англис дар Теҳрон рӯз шанбе дар ҷамъи ошӯбгарон муқобили Донишгоҳи Амиркабир ҳузур ёфта буд, ки тавассути маъмурони амниятӣ дастгир ва тибқи ончи, ки Вазорати хориҷа эълон кард, баъд аз 15 дақиқа, озод мешавад.

Мак Эйр ба ҳамроҳи фарди дигаре бо ҳузур дар миёни таҷаммӯъкунандагон муқобили Донишгоҳи Амиркабири Теҳрон аз таҷаммӯъкунандгоне, ки дар ҳоли сар додани шиорҳои сохторшиканона буданд, филмбардорӣ мекард.

Маъмурони пулиси Эрон, сафири Англисро пас аз шиносоӣ, ба шакли номҳсус таҳти назар қарор доданд ва дар ниҳоят вай дар соати 19:10 дастгир ва пас аз иқдомоти авалияи қонунӣ ба намояндаи Вазорати умури хориҷа таҳвил дода шуд.

Сафири Англис дар Теҳрон ба далели рафтори ношоист ва ҳузур дар ҷамъҳои ғайри қонунӣ тавассути Вазорати умури хориҷа ва раиси кулли Аврупо фарохонда шуда ва эътирози расмии Ҷумҳурии исломии Эрон ба ишон ва давлати Англис расонда шуд.

Ҳоло баъди аз тарки сафири ҷосус, сухнгӯи Вазорати хориҷаи Англис эълон кардааст, ки сафираш боз ба Теҳрон бозмегардад.

Англиссафири АнглисЭрон
Comments (0)
Add Comment