Амрико ва Исроил бузургони истикбори ҷаҳон ҳастанд

Раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман, Амрико ва режими саҳюнистиро сардамдори истикбори ҷаҳонӣ дар асри муосир донист.

Сайид Абдулмулк Ҳавсӣ, раҳбари ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ба муносибати “Рӯзи шаҳид” дар ин кишвар суханронӣ кард ва гуфт: ин рӯзи имсол бо таҳаввулот ва иттифоқоти зиёде ҳамроҳ будааст.

Сайид Абдулмалик Ҳавсӣ гуфт: Амрико ва Исроил, ки бо нақшаҳои шайтонӣ ба думбол зарба задан ба уммати исломӣ ҳастанд, аз сардамдорони куфр ва истикбори ҷаҳонӣ дар асри муосир ҳастанд.

Вай дар идома эълон кард: агар дар баробари Амрико ва Исроил таслим шавем, дар ин сурат усул ва арзишҳои Исломро аз даст медиҳем.

Раҳбари Ансоруллоҳ гуфт: шарри Амрико ҳатто ба ғайри муслмонони ҷаҳон монанди миллати Ҷопон ва Ветнам ҳам расидааст.

Вай тасреҳ кард: миллате дар минтақа вуҷуд надорад, ки Амрико ба шакли хасмона ва истикборӣ дар онҷо ҳузур надошта бошад. Оё метавон ончи Амрико дар Ироқ, Афғонистон ва Фаластин анҷом дода фаромуш кард?

Сайид Абдулмалик Ҳавсӣ гуфт, ки амалиёти мушакии Эрон оғози масири бузург барои нобудии Амрико дар минтақа аст.

Ҳавсӣ идома дод: мардум дар Амрико аз нодонии Трамп суҳбат мекунанд, вале расонаҳои Саудӣ аз ӯ тамҷид мекунанд. Амрико, Арабистонро медӯшад ва аз он ҳифозат ҳам намекунад, ин дар ҳоле аст, ки чӯпон говро медӯшад, вале лоақал аз он ҳифозат мекунад.

Сайид Абдулмалик Ҳавсӣ афзуд: амалиёти ҷинояткоронаи ахири Амрико, ки дар он фармондеҳони мусулмон, озода ва бузурге ба номи Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ ва Ҳоҷӣ Абӯмаҳдӣ Муҳандис ва ҳамразмон ба шаҳодат расиданд, “таҷовузи ошкор” буд.

Раҳбари Ансоруллоҳ бо баёни инки Амрико барои ҳокимияти Ироқ ва хуни шаҳрвандони ироқӣ эҳтиром қоил нест, афзуд: Амрико дар минтақаи мо нуфуз кардааст; ба тавре, ки ҳаркасеро бихоҳад дар ҳар замоне ва дар ҳар маконе ҳадаф қарор медиҳад.

вай идома дод: ҶИЭ аз замони пирӯзии инқилоби исломӣ дар заминаи муқобила бо Амрико дар садр қарор доштааст. Шиллики мушаки Эрон ба пойгоҳҳои амрикаӣ бар асоси муодилаи исломӣ-қуръонӣ ва мавзеи ҳакимона анҷом шуд.

Сайид Ҳавсӣ унвон кард: пешниҳоди ман ба бархе аз кишварҳо ин аст, ки дар муҳосиботи худ бознигарӣ кунанд. Мо ба истодагии комили худ дар баробари ҳамалоти Амрико алайҳи Ҳавсӣ хостори бознигарии Арабистони Саудӣ дар хусуси сиёсатҳои хасмонаи худ дар қиболи ҷанги Яман шуд ва ибрози умедворӣ кард, ки Арабистон ва Аморот аз ин ҷанги Яман, ки панҷумин соли он ҳам рӯ ба поён аст, ибрат бигиранд.

АмрикоАнсоруллоҳи ЯманИсроил
Comments (0)
Add Comment