Саид Ҳасан Насруллоҳ: Шаҳодат барои мо беҳтарин аст

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ дар маросими вежаи шаҳодати сипаҳбуд Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи неруи сипоҳи Қудс ва "Абумаҳди Аламуҳандис" ҷонишини фармондеҳи "Ҳашудушшаъбӣ", таърихи шаҳодати ҳоҷи Қосимро оғози марҳалае ҷадид хонд.

Бар асоси гузориши шабакаи “Алминор”, вай гуфт: Имрӯз мо маросими бузургдошт барои фармондеҳои ҷиҳодӣ, исломӣ, ҷаҳонӣ ва бузург бар по кардаем; Яъне ҳоҷи Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи неруи қудси сипоҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳоҷи Абумаҳдӣ Алмуҳандис муовини Ҳашдушшаъбӣ ва Ироқ ва шаҳидоне, ки ҳамроҳи онон буданд. Табъан рӯзе, ки ин иттифоқ афтод оғози таърихи ҷадиде аст; На барои Эрон балки барои кулли минтақа.

Саид Ҳасан Насруллоҳ идома дод: Дар ибтидо иҷозат бидиҳед, ки каме аз ҳолт шахси худам дар ин хусус бигӯям, ҷумъа, ки ин иттифоқ афтод ҳоҷи Қосим ба ҳадаф ва орзӯи худ расид. Ҳамеша дар ёдбуди шуҳадо гуфтаам, ки шаҳодат назди фармондаҳон ва шуҳадо ҳадафи шахсӣ аст, ҳоҷи Қосим аз ҷавони дунболи шаҳодат буд. Ба хусус дар даврони ахир, ӯ ва Абумаҳдӣ ҳамеша дар майдонҳои ҷанг ва дар миёни тиру гулӯлаҳои мутааддид буданд.

Вай тасреҳ кард: Бисёре аз шабҳо, ки ёди шуҳадо мекард, сар дар гиребон мебурд. Ӯ мегуфт, ки аз шиддати шавқи “лиқоъуллоҳ ва дидори шуҳадо синааш танг мешавад, бисёр муштоқи пайвастан ба корвони шуҳадо буд.

Саид Ҳасан Насруллоҳ сипас эълон кард: Ман аз ҷануби Бейрут аз Зоҳия ба хонаводаи ҳоҷи Қосим ва наздиконаш ва бахусус ба ҳамсари мукаррама ва фарзандонаш мегӯям, ки падартон ниҳояти орзуяшро даст ёфт, ки ҳадаф ва ишқ ва орзуи ӯ буд.

Вай идома дод: Дар хусуси Абумаҳдӣ ҳам ҳаминтавр аст, ӯ ахиран ба Зоҳия омад, дидор кардем ва дар охирин дидор гуфт, ки ба назар мерасад набард бо ДИИШ ба поён наздик шуда ва ҳар кас, ки бояд шаҳид мешуд, шаҳид шуд. Барои ман дуо кун, ки оқибати ман ҳам шаҳодат бошад; Ба ҳамсар ва духтарони гиромии ӯ ҳам мегӯям, ки бо онҳо ҳамдарди мекунем.

Саид Ҳасан Насруллоҳ гуфт: Дар фарҳанги имонии мо шаҳодат яке аз ду амри нек аст (пирӯзӣ ё шаҳодат) аст. Беҳтарин чизе, ки метавонем ба он бирсем шаҳодат дар роҳи Худост. Ниҳоят коре, ки душман метавонад дар ҳаққи мо бикунд ин аст, ки моро бикушуд ва шаҳодат барои мо беҳтарин ҳадаф аст. Ин шаҳодат бузург ва ин оқибат бахайрии зебо дар мактаби Имом Ҳусайн (а) ва Зайнаб (саломуллоҳ алайҳо) ҳоҷи Қосим ва ҳоҷи Абумаҳдӣ ва муҷоҳидони эронӣ ва ироқӣ бошад.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳ хитоб ба хонаводаи сардор Сулаймонӣ гуфт: ман ба бастагон ва хонаводаи ишон мегӯям. Ман ин шаҳодатро ба Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ ва Абӯмаҳдӣ Муҳандис табрик мегӯям, дар мадраса муқовимат мо ошиқи шаҳодат ҳастем ва ҷуз он чизе намебинем.

Вай дар идома таъкид кард: ман мехоҳам имрӯз дар ин бора сӯҳбат кунам, ки чаро ин иттифоқ афтод ва ҳадафи шаҳидони ин амалиёт чист ва минтақа ба кадом самт меравад.

Вай дар шарҳи ҷузъиёти ҳаводиси террори сардор Сулаймонӣ гуфт: сардор Сулаймонӣ ва ёронаш хеле аланӣ аз фурудгоҳи Димишқ хориҷ шуданд ва ба самти фурудгоҳи Бағдод парвоз карданд дар онҷо Муҳандис Абӯмаҳдӣ ва бародаронаш ба истиқболи ишон омаданд ва баъд аз инки савор ба худрав муддате ҳаракат карданд, ин корвон бо ҳавопаймоҳои амрикоӣ ба шакли ваҳшиёна мушакборон мешаванд. Шумо дидед, ки онҳо чигуна минтақаро вайрон карданд. дар ин амалиёт ин ду фармондеҳи азиз ба шаҳодат расиданд ва пайкари поки онҳо қитъа қитъа шуд. шояд онҳо мехостанд монанди Имом Ҳусайн(а) бидуни сар бошанд ва монанди ҳазрати Аббос бидуни даст бошанд ё монанд Алии Акбар баданашон тикка тикка шавад. Намедонам шояд ин мавзӯъ дар зеҳни Ҳоҷӣ Абӯмаҳдӣ ва Ҳоҷӣ Қосим ин мавзӯъ матраҳ бошад.

Насруллоҳ афзуд: чанд соат баъд Вазорати ҷанги Амрико баёния дод ва масъулияти ин амалиётро ба ӯҳда гирифт ва эълон кард, ки ин иттифоқро бо дастури мустақими Трамп анҷом додааст. Баъд аз он конфронсҳои матбуотии Амрико оғоз шуд. Трамп ифтихор мекард, ки ман касе ҳастам, ки фармони ин террорро дордам ва далоили воҳӣ дар ин робита матраҳ кард, ки ҳамаи онҳо дурӯғ аст. Мо дар баробари як ҷинояти аланӣ ва комилан мушаххас қарор дорем. Ӯ худаш мегӯяд, ки ман дастури ин террорро содир кардаам. Ин амалиёт як амалиёти мубҳам ва машкук набуд, ки ниёз ба эҳтимолҳои гуногун дошта бошад ё ниёз ба ташкили кумитаи ҳақиқатёб бошад. ‎

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар идомаи суханонаш ба аҳдоф ва чароии Амрико дар ба шаҳодат расондани раҳбарони муқовимат ишора кард ва афзуд: нуктаи дигар ин аст, ки чаро Амрико амалиёти террорро ба сурати комилан аланӣ анҷом дод ва ба анҷоми ин террор ифтихор кард. Аввал инки ин мавзӯъ ба ин иллат сурат гирифт, ки тамоми террорҳои гузашта, ки қарор буд анҷом шавад, ноком монда буд. Онҳо борҳо хоста буданд, ки сардор Сулаймониро террор кунанд ва ҳатто як бор мехостанд ин корро дар Кирмон анҷом диҳанд. Онҳо мехостанд дар рӯзҳои азодории Фотимия ва маросими ишон ин амалиётро анҷом диҳанд ва ҳазорон нафарро аз байн баранд то шояд битавонанд Ҳоҷӣ Қосими Сулаймониро террор кунанд. Худованди Мутаол ин навъ шаҳодатро барои сардор Сулаймонӣ интихоб карда буд. Ин иттифоқ боис шуд онҳо ба самти амалиёти аланӣ пеш бираванд.

Вай бо ишора ба замони иҷрои ин амалиёт ва шароити минтақа ва нокомиҳои меҳвари амрикоӣ ва дастовардҳои меҳвари муқовимат идома дод: се сол аст, ки Трамп, раисҷумҳури Амрико аст, ӯ сиёсати хориҷии худро думбол мекунад. Дар ин муддат шикастҳои пай дар пай домангири Амрико шудааст ва ӯ воқеан чизе надошт, ки дар сиёсати хориҷии худ ба амрикоиҳо ироа кунад. Трамп аз рӯзи аввал як ҳадафи бузургро думбол кард, ки ҳамон сарнагунии низоми исломӣ дар Эрон буд. Ҷон Бултун дар ибтидои соли гузашта дар нишасти мунофиқон дар Фаронса гуфт, ки соли нави ояндаро дар Теҳрон ҷашн хоҳад гирифт. Аммо Ҷон Бултун рафт вале низоми исломӣ ҳамчунон дар ҷои худ боқӣ аст. Ин сиёсат ҷомеъ набуд балки вай забони роҳбурдии Амрико ва давлати ин кишвар буд.

Дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон дар идома ба фишорҳои ҳамаҷонибаи Амрико алайҳи Эрон барои таслим ё ба заъми худашон тағйири рафтори Эрон ишора кард ва гуфт: онҳо дар дараҷаи дувум ба думболи тағйири рафтор ва таслим кардан ва контроли Эрон буданд. Онҳо мехостанд як БАРҶОМ-и ҷадидро ба Эрон таҳмил кунанд, ки ҳамроҳ бо як БАРҶОМ-и мушакӣ ва як БАРҶОМ-и минтақаӣ буд, аммо Эрон таслими ин мавзӯот нашуд. Онҳо бозии фитнаи дохилӣ, муҳосираи иқтисодӣ ва тамомии бозиҳои сиёсии худро ба кор гирифтанд то фаъолиятҳои зиддиэронии худро думбол кунад, аммо аз тамоми инҳо натавонист баҳра бигирад, пас наметавонд дар интихоботи оянда аз ин аҳрумҳо истифода кунад. Ӯ чизе барои гуфтан дар баробари амрикоиҳо надорад. Трамп ба ҷое расидааст, ки аз раҳбарони аврупоӣ дархост мекунад, ки муқаддамоти як дидор бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эронро фароҳам кунанд, аммо Эрон аз ин дидор худдорӣ мекунад. ‎

Ӯ дар ниҳоят баъд аз кашмакашҳои густарда қарор шуд теъдоде аз неруҳои худро дар Сурия боқӣ бигузорад, ки ин мавзӯъ барои ҳимоят аз муттаҳидони курди Амрико набуд, балки барои тасаллут ва чоҳҳои нефт шарқи Сурия буд. Миқдоре аз неруҳои худро дар Сурия мустақар кард то битавонад амнияти Исроилро таъмин кунад. Чароки агар ин минтақа боз бошад мушкилоти зиёде барои Исроил падид хоҳад омад.

Масъала баъдии таҳримҳо, таҳдидҳо ва муҳосираи иқтисодии Лубнон барои эҷоди мушкил дар баробари Ҳизбуллоҳ ва меҳвари муқовимат аст. Помпео ва намояндаи вай борҳо ба Лубнон рафту омад мекунанд. Ӯ дар охирин сафари худ гуфтааст, ки 15 рӯз замон дорем, ки Ҳизбуллоҳи Лубнон марказҳои худро дар ҷануби ин кишвар барчинад ва дар ғайри инсурт Исроил пойгоҳҳои Ҳизбуллоҳ дар ҷануби Лубнон мушакборон хоҳад кард. Аммо агар исроилиҳо бихоҳанд моро бомбаборон кунанд, аммо қатъан посухи муносиб ва мутаносиб бо ин ҳамалотро хоҳем дод. Ҳар талоши Амрико барои тазъифи қаҳрамонон натиҷа надодааст.

Мавзӯи дигар пойдории миллати Яман ва шикасти Амрико дар расидан ба дастоварди низомӣ аст, ҷанги Яман дар дараҷаи аввал як тарҳи амрикоӣ аз танҳо тарҳи Саудӣ ба шумор намеравад. Дар ин ҷанг чизе ғайр аз ҷиноят ҳосил нашудааст.

Амрико дар Афғонистон ба думболи хуруҷ обрумандона аз ин кишвар аст, оқои Халилзод дар Қатар бо толибон музокира мекунад, аммо онҳо ҳатто агар дар Кохи Сафед низ бо Амрико музокира кунанд, Трамп ба ин тааҳҳудоти худ пойбанд нахоҳад монд.

Нуктаи дигар “муомилаи қарн” аст, ки Амрико чанд сол аст барои он талош мекунад ва талош дорад онро ба миллати Фаластин таҳмил кунад. Аммо ин муомила дар натиҷаи пойдории муқовимат ва фаластиниҳо ноком мондааст. Ин шикаст ба рағми фишорҳои густардае сурат гирифта, ки дар Ғазза ворид шудааст.

Мавзӯи дигар дар бораи Ироқ аст, ки шоҳбайти ғазали шикастҳои Амрико аст. Ҳамин мавзӯъ боис шуд то онҳо ин ҷиноятро анҷом диҳанд. Тарҳи воқеи Амрико дар Ироқ чӣ буд? Трамп хеле шаффоф дар ин робита сӯҳбат мекунад ва ниёзе ба таҳлилгарон ва сервисҳои ҷосусӣ нест. Ӯ ҳеҷ аҳамияте ба ниҳодҳои байналмилалӣ намедиҳад. Ӯ мегуфт нефти Ироқ ҳаққи мо аст ва ин нефт барои Амрико аст. Ӯ ба нефти Ироқ ва нефти Сурия тамаъ дорад. Нефти Сурия дар баробари нефти Ироқ қобили муқоиса нест. ‎

Трамп мегӯяд дар Ироқ давлате вуҷуд надорад ва чизе ба унвони давлат дар ин кишвар нест. Садо ва тасвири Трамп ва санадҳои мавҷуд дар ин робита вуҷуд дорад. Онҳо мехоҳанд неруҳои худро дар Ироқ пиёда кунанд ва нефти Ироқро хориҷ кунанд ва ба нафъи худ мусодира кунанд. Тарҳи воқеии Трамп дар Ироқ контроли чоҳҳои нефт ин кишвар аст. Ӯ ҳеҷ давлате барои Ироқ намехоҳад, ки битавонад монеи ин ғоратгарӣ шавад ва агар қарор аст давлате бошад бояд комилан таҳти султаи Амрико ва сафири Амрико дар Ироқ бошад. Касе, ки қабл аз Трамп рӯи кор буд, ДИИШ-ро овард ин мавзӯъро худи Трамп изъон кард ва гуфт Келинтун касе буд, ки ДИИШ-ро сохт, амрикоиҳо мехостанд, ки ДИИШ идома пайдо кунад то онҳо барои бақои худ дар ин кишвар баҳона дошта бошанд. Аммо тамомии ин тарҳҳо ноком монд. Касоне, ки дар баробари ин тарҳҳо истоданд, мавзеъгирии мардум ва марҷаъияти Ироқ буд. Инҷо аст, ки метавон Қосими Сулаймониро омили асосӣ барои поёни ДИИШ донист, ки дар канори неруҳои амниятӣ ва артиши Ироқ ва неруҳои довталаби мардумӣ ин маъмуриятро рақам заданд.

Вай идома дод, ки интихоботи Ироқ ба гунае рақам хӯрд, ки аксарияти парлумони ин кишвар мухолифи ҳузури амрикоиҳо дар Ироқ буданд, нуктаи баъдӣ инки давлати Одил Абдулмаҳдӣ мухолифи иҷрои тарҳи муомила ғарб буд ва дигар ин, ки давлати Ироқ бо инҳисори қарордодҳои байналмилалии ин кишвар бо Амрико мухолифат кард ва ба самти бастани қарордодҳои тиҷорӣ рафт илова бар инки ин кишвар баста мондани марзҳои худ бо Сурияро мухолифат кард. Тамоми ин мавзӯот боис шуд онҳо ба ин натиҷа бирасанд, ки Ироқро аз даст медиҳанд. Ишғолгарии Ироқ барои ин буд, ки онҳо битавонанд манобеи ин кишварро таҳти контроли худ бигирад аммо вақте диданд аксарияти мардуми Ироқ мехоҳад озод бошад ҳазорон гурӯҳи террористиро, ки худашон поягузорон буданд аз кишварҳои дигар ба самти Ироқ гусел карданд ва ДИИШ-ро дуруст карданд ва ҳазорон омили интиҳорӣ ва террористиро дар ин кишвар ба роҳ андохтанд ва хуни мардуми бегуноҳро рехтанд ва амрикоиҳо ҳамвора дар пушти ин интиҳориҳо буданд. ‎

Онҳо ахиран талоши зиёде карданд то ҷанги дохилиро дар ин кишвар ба роҳ биандозанд аммо мавзеи марҷаъияти шиа ва гурӯҳҳои ашоирӣ ва мардумӣ ин иҷозаро ба амрикоиҳо надод, онҳо аз тариқи бозиҳои сайберӣ ва расонаӣ ва ҷанги нарм талош карданд дар ин кишвар фитна эҷод кунанд. Онҳо ҷанги равонии густардаеро зидди Эрон ба роҳ андохтанд. Бо ин шароит Трамп дар интихоботи оянда чӣ чизе метавонад бигӯяд? ‎

Вай гуфт, ки агар дар ин замина воқеъгаро бошем, бояд бигӯем, ки Трамп дар сиёсати хориҷии Амрико се мавзӯъ вуҷуд дорад, ки ҳарфи марбут ба минтақаи мо аст. Ӯ дар тамоми суханрониҳои худ аз 400 миллиард долларе сӯҳбат мекунад, ки аз Арабистон гирифтааст. Ӯ ҳамчунин аз қарордодҳои таслиҳотӣ ба ҳамин кишварҳои арабӣ сӯҳбат мекунад, ки арзиши он болиғ бар даҳҳо миллиард доллар аст ва ӯ ваъдаи шуғлҳои бештар ба амрикоиҳо медиҳад. Дастоварди севум интиқоли сафорати режими саҳюнистӣ аз Телавив ба Қудс аст. Инҳо танҳо дастовардҳои Трамп аст.

Насруллоҳ гуфт, ки ин танҳо як террор набуд, балки оғозе аз як марҳалаи амрикоӣ дар минтақа аст онҳо ҷанги ҷадидеро дар минтақа оғоз кардаанд. Онҳо мехоҳанд муодилоти минтақаро бар ҳам бизананд ва меҳвари муқовиматро заиф кунанд. Онҳо мехоҳанд эътимоди аз даст рафтаи муттаҳидони худро бозёбӣ кунанд ва шароити худро дар интихоботи оянда беҳтар кунанд. Онҳо албатта ҷангро намехоҳанд чароки ҷанг як моҷароҷӯии бузург аст. Исроил дар ҳоли ҳозир ҷангро намехоҳад чаро, ки ҳатто дар таомул бо Ғазза дармонда шудаанд. Трамп худаш медонад, ки ин як моҷароҷӯии бисёр бузург аст. Онҳо чизе камтар аз ҷангро мехоҳанд ва чизе, ки ба он расиданд, террори нуқтаи марказии меҳвари муқовимат аст, ки ҳамон Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ аст. Чанд ҳафта қабл ишон пеши мо буд ва ман ин мавзӯъро ба ишон гуфтам. Ишон дар соли нави мелодӣ бо ман сӯҳбат мекард ва ман ба ишон гуфтам, ки амрикоиҳо ҳаҷмаи васеъи расонаӣ зидди шумо ба роҳ андохтаанд. Ман гуфтам, ки мутмаин бошед чизе пушти ин ҷанги расонаӣ аст. ‎

Онҳо медиданд, ки ҳар ҷо мераванд Қосими Сулаймонӣ ва номи сардор Сулаймониро дар онҷо мешинавад, дар Фаластин, дар Лубнон ва муқовимати Лубнон, озодсозии 2000 , соли 2006, қудрати мушакии Ҳизбуллоҳ, дар Сурия боз ҳам Ҳоҷӣ Қосими Сулаймониро медиданд. Дар тарҳи худ барои султаи Ироқ ва тикка кардани ин кишвар боз ҳам Қосими Сулаймониро ба унвони монеи худ мебинанд. Дар Яман Қосими Сулаймониро мебинанд. Дар Афғонистон Қосими Сулаймониро мебинанд дар ҳар гурӯҳи муқовим ва муҷоҳиде, ки алайҳи Амрико амалиёт анҷом медиҳад Қосими Сулаймониро мебинанд.

Исроил медонад, ки хатарноктарин мард барои онҳо Қосими Сулаймонӣ аст. Ӯ Фаластини ишғолиро бо мушакҳои худаш муҳосира кардааст, аммо бо вуҷуде, ки ӯро хатари мавҷудиятии худ медонанд ва ҷуръати террори ӯро надоштанд. Ҳоҷӣ Қосим ҳамеша дар Сурия буд ва онҳо медонистанд, ки ӯ куҷо рафту омад мекунад, аммо худашон ҷуръати террори вайро надоштанд. Қосими Сулаймонӣ намоди ваҳдат ва қудрати меҳвари муқовимат буд ва аз ин рӯ тасмим ба куштани ӯ гирифтанд ва тасмими гирифтанд, ки ӯро аланӣ ба шаҳодат бирасонад. Аҳдофи зиёде пушти пардаи ин террори аланӣ вуҷуд дорад. ‎

Онҳо аз тариқи ин террор мехоҳанд заъферо дар меҳвари муқовимат эҷод кунанд ва иртиботи вуҷуд дар миёни меҳвари муқовиматро аз байн баранд онҳо мехоҳанд ба ин тартиб имтиёзе аз Эрон бигирад ва ин кишварро таслим кунанд.

Насруллоҳ ба тарҳи султаи Амрико бар минтақа ва муқаддасоти исломӣ ва арабӣ бар асоси тарҳи муомилаи қарн ишора карда ва гуфт онҳо ҳатто ба нефти Сурия ва нефти Лубнон, ки ҳануз ковуш нашуда тамаъ доранд. Ин тарҳ дар баробари тарҳи муқовимат, истиқлол ва ҳокимияти минтақа аст. Мо мехоҳем, ки муқаддасот ва сарвати мо барои худи мо бошад ва ҳамин мавзӯъ натиҷаи даргириҳо дар ду ҷанг аст. ‎

Сайидҳасан Насруллоҳ дар идома ба мавозеи муштараки эрониҳо ва масъулон ва мардуми ин кишвар ишора ва гуфт, ки онҳо бо қотеъият эълон кардаанд, ки таслими Амрико намешаванд. Ин яке аз масъулиятҳои минтақа аст. Помпео дилхуш буд, ки Ҳашдушшаъбиро бо ин террор тазъиф мекунад ва ин меҳвари миллӣ ва мазҳабиро ба як ҷанги дохилӣ ва шикасти дохилӣ мекашонад. Аммо посухи ироқиҳо бо маросими ҷанозаи шаҳидон оғоз шуд, натиҷа чӣ шуд, шумо дидед, ки шаҳидони эронӣ ва ироқӣ бо ҳамдигар дар Ироқ, Козимайн , Бағдод, Наҷаф ва Карбало маросими ҷанозашон анҷом шуд. Ҷараёнҳои сиёсӣ, гурӯҳҳои муқовимат ва масъулони расмӣ ва ғайрирасмӣ ҳамагӣ баёния ва мавозеи қотеона дар ҳимоят аз Эрон содир карда ва ба шиддат ин террорро маҳкум карданд ва гуфтумони ироқиҳо барои хуруҷи неруҳои амрикоӣ аз минтақа шадидтар шуд. Ба ин тартиб тавтеаҳои онҳо натиҷаи хилоф дод.

Вай хитоб ба намояндагони парлумони Ироқ гуфт: ҳоло ҳама чашм ба шумо дӯхтаанд, нахуствазир омодааст, ки зудтар аз тавофуқи имзошуда бо Амрико берун биравад, аммо ин мавзӯъ бояд дар парлумон тасвиб шавад. Имрӯз намояндагон таъкид карданд, ки ин мавзӯъро тасвиб мекунанд. Мутмаин бошед Амрико тамоми шайтонҳои дунёро ҳамроҳ карда то ироқиҳо ин тарҳро барои хуруҷи амрикоиҳо тасвиб накунанд, аммо мо умедвор ҳастем, ки ин мавзӯъ муҳаққақ шавад. Агар ҳадафи амрикоиҳо дар парлумони Ироқ соқит нашавад, муқовимати ҳусайнии Ироқ дар мактаби Имом Ҳусайн(а) ва мактаби Ироқ ҳеҷ сарбози амрикоиро дар Ироқ зинда боқӣ нахоҳанд гузашт. ‎

Вай ҳамчунин хитоб ба неруҳои амрикоӣ гуфт, ки камтарин вокуниш ба иқдоми амрикоиҳо дар террори Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ ихроҷи неруҳои амрикоӣ аз Ироқ аст. Ин таҳлили ин буд, ки хеле аз амрикоиҳо онро матраҳ кардаанд ва ин воқеияти ҷазби мушорикати муҷоҳидон ва ҷараёнҳои сиёсии Ироқ муҳаққақ намешавад. Ҳоҷӣ Қосим пуштибони Ироқ буд ва аз соли 2003 то 2011 ба мардуми Ироқ кумак кард то амрикоиҳоро берун кунанд. Ҳоҷӣ Қосим ва Абӯмаҳдӣ Ироқро аз дасти террористҳо наҷот доданд ва хуни ин шаҳидон бояд Ироқро ба шакли комил аз дасти амрикоиҳо хориҷ кунад.

Мо дар Сурия бояд талоши худро идома диҳем. Ҳеҷкас набояд дар натиҷаи шаҳодати Ҳоҷӣ Қосим тазъиф шавад ва рӯҳияи худро аз даст бидиҳад. Дар ҳамаи ҷангҳо пеш меояд ва бузургон ва фармондеҳон ба шаҳодат мерасанд. Мардуми Яман низ бояд бо шуҷоат ва иродаи маҳкам ба масири худ идома диҳанд.

Мо дар ҷомеаи муқовимат ду вазифа дорем. Яке аз аҳдофи Трамп ин буд, ки моро битарсонад, онҳо мехоҳанд моро аз масъулиятҳои худамон битарсонад, аммо фармондеҳони муқовимат ба мавозеи худ пойдор хоҳад буд ва ақабнишинӣ нахоҳад кард ва мутмаин бошед, ки шаҳодати Ҳоҷӣ Қосим ва Абӯмаҳдӣ ба мо ангезаи музоаф барои расидан ба дастовардҳои бештар медиҳад, мо дар марҳилаи ҳассос қарор дорем.‎

Онҳо бисёр аз дасти мо асабонӣ ҳастанд, аммо мо ин парчамро дар даст мегирем ва ҳаргиз ба ишқи сардор Сулаймонӣ онро раҳо нахоҳем кард. Касоне, ки мехоҳанд моро террор кунанд ман ба онҳо мегӯям мо фарзандони касоне ҳастем, ки ҳаргиз аз марг наметарсем, магар намедонед, ки шаҳодат медали ифтихори боло ва одати деринаи мо аст.

Вай таъкид кард, ки шаҳодати Ҳоҷӣ Қосим набояд таъсири манфӣ бар рӯҳияи муқовимат бигузорад, чароки минтақа ба самти марҳилаи ҷадид пеш меравад.

Нуктаи охир “қисоси одилона” аз ин ҷиноят аст. Авомили ин ҷиноят мушаххас ҳастанд. Касоне, ки ин ҷиноятро анҷом додаанд бояд товон бидиҳанд. Агар амрикоиҳо шахсият ё маркази ғайри муртабит бо меҳвари муқовиматро дар Эрон террор карданд, ин як таҷовуз ба Эрон дониста мешавад ва марбут ба Эрон буд, аммо Қосими Сулаймонӣ фақат як эронӣ набуд, балки Қосими Сулаймонӣ тамоми меҳвари муқовимат буд. Қосими Сулаймонӣ яъне муқовимати Фаластин, Лубнон, Сурия, Ироқ, Яман ва муқовимат ва ҳар кишваре, ки дар он размндагони шарифе вуҷуд доранд. Қосими Сулаймонӣ як уммат буд. ‎

Эрониҳо худашон дар ин бора тасмим бигиранд, аммо ин мавзӯъ чизе аз масъулиятҳои мо кам намекунад. Ман ба тамоми аҳзоб ва шахсиятҳо дар минтақа мегӯям, ки Эрон аз шумо кумак нахоҳад хост. Эрон ба шумо намегӯянд, ки чизеро анҷом бидиҳед ё на. Эрониҳо худашон тасмимгирӣ мекунанд, иродаи шаффофе дар ин робита доранд, аммо меҳварҳои муқовимат низ бояд дар ин замина тасмимгирӣ кунанд, ки чигуна бояд бо ин мавзӯъ таомул кунанд.

Аммо ҳар гурӯҳе метавонад дар робита бо қисоси одилонаи сардор Сулаймонӣ тасмимгирӣ кунад ва ин тасмими худи ин меҳварҳо аст. Эрон аз шумо ва дӯстонаш ва ҳампаймононаш чизе нахоҳад хост, ҳатто аз касоне, ки дар тӯли ин 40 сол ба онҳо кумак кардааст. Эрониҳо имрӯз азодор ҳастанд, яке аз бузургтарин мардони худро аз даст додаанд, аммо чизе аз шумо намехоҳад, аммо шумо чигуна метавонед бо ин мавзӯъ таомул кунед? Оё фақат мехоҳед азодорӣ кунед ва гиря кунед? Ин террор фақат Эронро ҳадаф қарор надод балки тамоми минтақа ва меҳвари муқовиматро ҳадаф қарор дод. Онҳо мехоҳанд дар минтақа хидмат ба манофеи Амрико ва Исроилро ба роҳ биандозанд, пас ҳамаи мо дар уммати исломӣ бояд ба самти қисоси одилона пеш биравем. ‎

Вай таъкид кард, ки қисоси одилона ба ин маъно нест, ки шахсияте, ки ҳадаф мегирад, ҳамвазн Қосими Сулаймонӣ бошад, кафши сардор Сулаймонӣ арзишаш аз Трамп бештар аст. Ҳеҷ шахсе ҳамвазни Қосими Сулаймонӣ нест, ки битавон ӯро қисос кард. Қисоси одилона мавҷудияти низоми Амрико дар минтақа аст. ‎

Пойгоҳҳои низомии Амрико, новгонҳои низомии Амрико, ҳар афсар ва сарбози Амрико дар минтақа, артиши Амрико, инҳо, ки Ҳоҷӣ Қосимро куштанд, бояд товон бидиҳанд ва муодила ин аст. Мо бо миллат ва мардуми Амрико коре надорем. Шаҳрвандони Амрико дар хеле аз кишварҳо ҳастанд, аммо касе бо онҳо кор надорад. Агар касе онҳоро ҳадаф қарор диҳад ин мавзӯъ хидмат ба Трамп аст. Ҷанги мо ва рӯёрӯӣ ва қисос одилонаи мо махсуси касоне аст, ки ин ҷиноятро анҷом додаанд. Артиши Амрико эълон кардааст, ки мо ин корро анҷом додаем, пас онҳо дар маърази ҳадафи мо қарор доранд. ‎

Агар террори Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ оддӣ дониста шавад, оғозе хатарнок хоҳад буд ва тамоми кишварҳо ва ҷабҳаҳои муқовимат ба самти сарнавишти номаълум хоҳад рафт. Онҳо метавонанд моро бикушанд, аммо наметавонанд захоир ва сарватҳои моро ба яғмо баранд. Мо ҳамеша бо созишкорон ихтилофи назар доштем, аммо дар меҳвари муқовимат ва иродаи ҷиддӣ барои ин кор дошта бошад, амрикоиҳо ба сурати зиллатбор ва хиффтбор аз минтақа берун хоҳанд рафт. Шаҳодатталабони зиёде дар минтақа вуҷуд доранд, муҷоҳидон ва размандагон, ки қаблан Амрикоро аз минтақаи мо берун карданд , заифтар аз алон буданд, аммо имрӯз миллатҳо ва гурӯҳҳо қудрати бештаре доранд. Мо намехоҳем шиор бидиҳем. Мо бо диққат ин мавзӯъро матраҳ мекунем. Вақте ҷанозаҳои афсарони амрикоӣ ба Амрико биравад Кохи сиёҳ хоҳад фаҳмид, ки тамоми минтақаро аз даст додааст.‎

Ҳадафи мо муқовимат бояд ин бошад. Посух ба хуни сардор Сулаймонӣ ва Ҳоҷӣ Абӯмаҳдӣ бояд хориҷ кардани Амрико аз тамоми минтақа бошад ва агар ин ҳадаф муҳаққақ шуд, ки иншоаллоҳ муҳаққақ хоҳад шуд, дар он сурат озодсозии Қудси шариф ва озодсозии Фаластин ва уммати Фаластин ва муқаддасоти мо дар Фаластин рақам хоҳад хӯрд.

Вай таъкид кард: Трамп аҳмақ ва касоне, ки дар атрофи ӯ қарор доранд, намедонанд, ки чӣ коре анҷом додаед, аммо оянда нишон хоҳад дод. Ман хитоб ба онҳо аз адабиёти ҳазрати Зайнаб истифода мекунам ва мегӯям: шумо намедонед чӣ хуне аз мо рехтаед ва чӣ ҷигаре аз мо сӯзондаед? Ин хуни оддӣ нест. Имрӯз қисоси одилонаи Қосими Сулаймонӣ қтсос одилонаи Имод Муғния, Аббос Мусавӣ, Роғиб Ҳарб ва Мустафо Бадруддин ва ҳамаи шаҳидони ин уммат аст.

Ман ба Ҳоҷӣ Қосим ғибта мехӯрам ва нисбат ба ин оқибат барои ӯ хушҳолам, ӯ аз ҷавонӣ барои ин ҳадаф талош мекард, Худо ба мо миннат ниҳод ва ӯ 60 сол зинда буд, мо нороҳат нестем ва натарсидем. Балки хуни поки ӯ фурсате барои уммати исломӣ аст, ки аз ин ҳаймана ва ишғолгарӣ раҳо шавад, ҳатто агар ин талошҳо сахт бошад, аммо пирӯзиҳо наздик хоҳад буд. Эй ҳаводорони муқовимат ва эй шарифтарин мардум, мо роҳро идома хоҳем дод ва дар ниҳоят пирӯз хоҳем шуд.

Абумаҳдӣ МуҳандисБайрутГенерал Қосим СулаймонӣЛубнонСаид Ҳасан Насруллоҳ
Comments (0)
Add Comment